Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 23 январи соли 2018 шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш ва кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 02 феврали соли 2018 нишасти матбуотӣ дар толори шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729 зиёда бо 24 намояндагони васоити ахбори омма баргузор гадид. Аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода нишасти матбуотиро ифтитоҳ намуда, ба намояндагони васоити ахбори оммаро аз дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ оварда шуд.
Намояндагони васоити ахбори омма, махсусан маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон, газетаи «ASIA-Plus» ва радиҳои Озодӣ, Пайванд ба масъалаҳои сабабҳои бекор кардани ақди никоҳ, иҷрои дархостҳои воридгардидаи давлатҳои хориҷа, ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ва оид ба доштани таҳсилоти ҳуқуқшиносӣ дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.