Маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Санаи 17 январи соли 2020 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят таҳти сардори шуъба маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят доир гардид. Дар кори маҷлис роҳабрияти шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва кормандони соҳа дар вилоят иштирок доштанд. Маҷлиси ҷамъбастӣ аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. ифтитоҳ намуд.

 Сипас аз рўи масъалаи рўзнома  мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. ба сухан баромада, дастоварду пешравӣ ва камбудию норасогиҳои соли сипаришударо ба риштаи таҳлил кашида шуд. Қайд намуд, ки соли сипаришуда барои мақомои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят - соли таърихӣ ва дастовардҳо, ҳалли мушкилотҳои соҳа ба ҳисоб меравад, зеро сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Деваштич, ифтитоҳи биноҳои маъмурии Марказҳои адлия, ворид шудани тағйиротҳои дахлдор ба қонунгузории соҳа ва гузаштан ба низоми ягонаи электронӣ  аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад ва ин ҳама дастоварду пешравиҳои соҳа аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Тарбияи насли солим дар ҷомеа олитарин хазинаи таърихӣ аст

Дар доираи Паёми ирогардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму табияи фарзанд ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. ва мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Раҳимӣ Ф. санаи 10 январи соли 2020 бо 150 нафар устодону донишҷуёни факулатаи «Ҳуқуқшиноси»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохурӣ анҷом дода шуд.

Маҳфили “Пайванди муҳаббат”

 Санаи 24 декабри  соли 2019 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор  ва баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, пойдорӣ ва бунёди оилаи солим дар шуъбаи Хонаи ақди никоқи шаҳри Хуҷанд маҳфили “Пайванди муҳаббат” доир гардид. Дар чорабинӣ, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, донишмандон, равоншиносону мушовирони оилавӣ, мутахассисони соҳаи тиб, шурои занони кумитаи маҳаллаҳо, навхонадорон ва ҷавонон иштирок доштанд.

Мизи мудаввар таҳти унвони “Оила бе хушунат”

Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор», Раисони Шурои занони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, роҳбарият ва донишҷуёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд санаи 29-ноябри соли 2019 баҳри амалигардонии маъракаи иттилоотии мубориза алайҳи хушунат нисбати занон дар мавзуи «Зиндагӣ бо муҳаббат зебост» мулоқот баргузор гардид. Он дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” доир гардида, муовини Раиси ТҶМЗ «Гулрухсор» Сабоат Бобоҷонова оид ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Дар чорабинии мазкур масъули Хонаи ақди никоҳ Фирузахон Раҳимӣ баромад намуда, оид ба вазъи татбиқи барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, саривақт иҷро намудани меъёрҳои қонунгузории миллии амалкунанда оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешниҳодҳои хешро баён намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.