Маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Санаи 17 январи соли 2020 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят таҳти сардори шуъба маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят доир гардид. Дар кори маҷлис роҳабрияти шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва кормандони соҳа дар вилоят иштирок доштанд. Маҷлиси ҷамъбастӣ аз ҷониби сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. ифтитоҳ намуд.

 Сипас аз рўи масъалаи рўзнома  мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. ба сухан баромада, дастоварду пешравӣ ва камбудию норасогиҳои соли сипаришударо ба риштаи таҳлил кашида шуд. Қайд намуд, ки соли сипаришуда барои мақомои асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят - соли таърихӣ ва дастовардҳо, ҳалли мушкилотҳои соҳа ба ҳисоб меравад, зеро сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Деваштич, ифтитоҳи биноҳои маъмурии Марказҳои адлия, ворид шудани тағйиротҳои дахлдор ба қонунгузории соҳа ва гузаштан ба низоми ягонаи электронӣ  аз гуфтаҳои боло шаҳодат медиҳад ва ин ҳама дастоварду пешравиҳои соҳа аз ғамхориҳои Сарвари давлат ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад.

Дар вилоят соли сипаришуда 117000 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 62691 адад таваллуд, 11160 адад фавтидагон, 21604 адад ақди никоҳ, 4203 адад қайди берун аз муҳлати таваллуди кўдакони навзод, 322 адад қайди берун аз муҳлати вафот, 4274 адад бекоркунии ақди никоҳ, 3405 адад муқаррар кардани падарӣ, сабти 327 адад фарзандхонӣ ва 9014 адад иваз кардани насаб, ном ва номи падариро ташкил медиҳад.

Дар баромади хеш аз кам ва зиёдшудани нишондиҳандаҳои оморӣ аз қабили бақайдгирии давлатии таваллуд 1414 адад, бақайдгирии кудакони аз яксола боло 389 адад ва бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 1177 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шуда, вале бақайдгирии давлатии вафот 77 адад, бекор кардани ақди никоҳ 228 адад ва муқаррар намудани падарӣ 102 адад нисбат ба соли гузашта зиёд гардидан ёдовар шуд. Дар  ин муддат 148  адад никоҳҳо бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят синну соли никоҳшавандагон то 1 сол кам карда шудааст.

 Ба масъулин ёдрас карда шуд, ки дар ҷумҳурӣ бо фармоши Вазорати адлияи Чумҳурии Тоҷикистон аз 05 апрели соли 2019, №45 “Дар бораи оғози бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” дар баробари ҳомилҳои қоғазӣ,  бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз гардида, дар ин замина техника ва таҷҳизотҳои компютерӣ таъмин карда шуда ва аз санаи 01 июни соли 2019 дар вилоят бақайдгирии электронии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оғоз гардида, бо маром идома дорад. Қайд гардид, ки аз 117000 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, 45044 ҳолат аз тарафи худи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия баќайди давлатї гирифта шуда, то ин дам  27948 ҳолат ё худ 62 % -и он дар система имзогузорӣ шудааст, ки бояд масъулини шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, К.Мастчоҳ, Мастчоҳ, Спитамен, Шаҳристон корбариро ҷоннок намоянд.

 Ҳамчунин зикр гардид, ки соли 2019  аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят дар байни аҳолӣ  1230 баромаду вохўриҳо оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ гузарониданд ва ба масъулни шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Бустон, Деваштич, Истаравшан, Истиқлол, К.Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Ҷ.Расулов  дастур дода шуд, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳвандон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эхтиром нисбат ба он дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст,  саҳмгузор бошанд. 

 Иброз гардид, ки истифодаи мақсадноки шаҳодатномаҳои арзишнок вазифаи ҳар як корманди масъули мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад, вале масъулини шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи Хуҷанд, Бўстон, Истаравшан, Мастчоҳ, Ҷ.Расулов ва Шаҳристон барои мавҷуд будани шаҳодатномаҳои зиёди корношоям огоҳонида шуд.

 Ҳамзамон сардори шуъба дар масъалаҳои ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ изҳори нигаронӣ намуда, зикр кард, ки дар соли 2019 аз тарафи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ 11634 парванда баррасӣ карда шудааст ва бояд ҳангоми пур кардани сабт, шаҳодатнома ва ҳамагуна маълумотнома эътибори ҷиддӣ диҳанд.

      Дар идомаи маҷлис сардори шуъба вазифадор намуд, ки ба муҳлати баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҷоннок намудани низоми электронии амалкунанда ва бехато ворид кардани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба низоми амалкунанда, мусоидат ҷиҳати рақамикунонии ҳуҷҷат ва хизматрасониҳои электронӣ, иҷрои саривақтии дархосту муроҷиатҳои давлаҳои хориҷӣ,  дуруст пешниҳод кардани сабту хабарномаҳои дахлдори асноди ҳолати шаҳрвандӣ, омўзиши забонҳои хориҷӣ, назорати фаъолияти соҳа дар ҷамоатҳои деҳот, ташкили насби нархномаҳои нав  ва омода намудани толорҳои ақди никоҳи ҷамоатҳои деҳот аҳамияти хоса зоҳир намоянд. Ҳамзамон аз мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ талаб карда шуд, ки баҳри иҷрои Паём, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», Барномаҳои давлатӣ аз қабили рушди соҳа ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва дар ин замина иҷрои кодексҳои одоби хизмати давлатию соҳавӣ, инчунин марбут ба самти меҳнат корбариро ҷоннок намоянд ва фаъолияти хешро дар ин ҷода тақвият диҳанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.