Дар доираи Паёми ирогардидаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор, иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму табияи фарзанд ” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. ва мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Раҳимӣ Ф. санаи 10 январи соли 2020 бо 150 нафар устодону донишҷуёни факулатаи «Ҳуқуқшиноси»-и Донишгоҳи давлатии ҳуқук, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохурӣ анҷом дода шуд.
Сараввал аз ҷониби ноиби ректори донишгоҳ Хољаева М.Љ. намояндагони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандиро ба устодону донишҷуёни факултаи «Ҳуқуқшиносӣ» муаррифӣ намуд.
Сипас аз ҷониби мудири шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд Раҳимӣ Ф. ба сухан баромада, вобаста ба Паёми навбатӣ фикру андешаҳои худро ба онҳо расонид. Раҳимӣ Ф. иброз намуд, ки ҳадафи олии муҳтавои Паём баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва маънавии аҳолӣ маҳсуб меёбад, ки ин дастурот омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмини волоияти қонун мебошад. Зикр карда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхорихорихои беназири Сарвари давлат ҷавонон бояд чунин панди пурмуҳтавои бузургонамонро сармашқи ҳаёти худ қарор диҳанд, ки фармудаанд:
“Эй ҷавонон ҳаргиз иҷозат надиҳед, ки дунё 4 чизро аз шумо бигирад: Лаҳзаҳои бо андешаи пок буданатонро, некӣ ба волидон ва атрофиёнатонро, муҳаббат ба илматонро, садоқат ба ватанатонро!”
Аснои вохурӣ аз қиссаву суханони бузургони гузашта оварда шуда, қайд гарид, ки яке аз бузургтарин сарвазири форс Амири кабир, ки исмаш бо «Вазири кабир ва адолатпарвар» дар таърих машҳур аст, дар ваҷти ҳокимияти вазириаш чунин иброз доштааст: “Ибтидо фикр мекардам, ки миллат вазири доно мехоҳад, баъд фикр кардам - шояд шоҳи доно мехоҳад, аммо акнун мефаҳмам, ки мамлакат миллати доно мехоҳад!”.
Паёми имсолаи Сарвари давлат марҳилаи наверо дар такомули иқтидори илмии кишвар тавлид сохт ва ба ифтихори ин марҳила соли 2020 ва минбаъда солҳо барои мардуми тоҷик комилан рўзгори босаодатро тақдим хоҳад намуд.
Сарчашмаҳои таърихи халқи тоҷик ҳануз асри IX (821-873) (ашрофзодаи тоҷики шаҳри Ҳирот) шаҳодат медиҳанд, ки заминаи стратегии пешрафти кишвар дар дасти ниҳоди муҳими ҷамъият, яъне соҳаи илм ва маориф вобаста буд. Тоҳир ибни Ҳусайн ҳокими аввалин давлати тоҷикон, яъне давлати Тоҳириён зимни давлатдории хеш бо табаддулоти ин соҳа аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дода, дараҷаи таъсири илмро ҳамчун асоси пешрафти давлат дар амри подшоҳияш чунин муаррифӣ кардааст:
“Илмро барои ҳар як нафари арзанда ва ноарзанда тақдиму пешниҳод намоед, илм вазифаашро худаш хеле моҳирона ба ҷо меорад, то ки дар дасти нафари ноарзанда намонад!”. Вобаста ба ин раванд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, омўзиши технологияҳои муосир, сазовор гаштани ҳар ҷавони донишҷў ба сатҳи баланди касбият, омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, таҷҳизонидани озмоишгоҳҳои илмӣ дар муассисаҳои таълимӣ диққати махсус зоҳир намуданд.
Ҳамзамон аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. вобаста ба баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳвандон, мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эхтиром нисбат ба он, масъалаи оилаву оиладорӣ баромад намуда зикр дошт, ки имрўз мо кормандони мақомот вазифадор ҳастем, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии шаҳвандон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эхтиром нисбат ба он дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 тасдиқ шудааст, саҳмгузор бошем.
Қайд карда шуд, ки аҳли толор соҳаи илми ҳуқуқ хастанд, хуб дарк мемоянд, ки баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шаҳрвандон амалӣ мегардад, зеро донишҷуён ин боргоҳ дар оянда қувваи пешбарандаи илми ҳуқуқ ҳастанд, ки ба масълаи оиладорӣ аҳамияти хоса дода шавад, ҳолату омилҳои номатлуб дар оиладорӣ зиёд шуда, ба ҷомеаи имрўза таъсири манфии худро расонида истодааст.
Ҷойизи зикр аст, ки Оила дар ҳама давру замон, қисмати бунёдию ибтидоии ҷомеаи башарӣ буда, ҳамроҳи он рушд мекунад, тағйир мепазирад, мувофиқи талаби замон ба тақозои ҷомеа посух мегўяд ва талаботи иҷтимоиро низ ташаккул медиҳад.
Мегўянд, ки зиндагии бохирадонаи бани инсон, ҳам мувофиқи назари илми дунявӣ, ҳам ривоятҳои динҳои асосии башарӣ аз бунёди оила, пайванди зану мард, ҳазрати Одаму Ҳаво ибтидо мегирад. Вақте, ки одам дар замони ибтидоӣ тўда-тўда мезист, чуноне илми дунявӣ собит намуда, маҳз зан нахустин шуда падари фарзанди худро шинохтаву пойдевори пойбарҷои имрўзу фардои бинои зиндагии оилавиро гузоштааст. Ҳамин зайл, Оила бунёд ёфта, дар оянда мағзи ҷомеа инсонӣ гардидааст. Оила ҳамчун ҷузъи муҳими ҷамъият ҳамеша нигоҳдори арзишҳои меҳварии фарҳангию таърихии инсон ва омили оромию субот будааст ва чунин боқӣ мемонад. Ба шарофати оила давлат инкишоф меёбад ва устувор мешавад, дараҷаи зисту зиндагӣ ва фарҳанги иҷтимоӣ сўи беҳбудӣ тағйир мепазирад. Осудагии оилавӣ бошад, маҳаки асосии инкишофу пешрафти ҳар як давлат ва ҳар як ҷомеа дониста мешавад.
Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҷовидонист. Тавре Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: - «Оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат аст ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва Ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».
Зикр карда шуд, ки имрўзҳо бекор кардани ақди никоҳ дар ҷомеа яке аз омилҳои номатлуб ба ҳисоб рафта, бевосита он барои имрўзу оянда таъсири манфии худро мерасонад.
Ба устодону донишҷуён як нуқта аз Паёми пешвои муаззам ёдовар карда шуд, ки «Дар самти фаҳмондадиҳии моҳияти равандҳои муосир, мубориза бо хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона миёни ҷомеа корҳои тарғиботиро тақвият бахшида, рисолати сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худро дар назди халқу Ватан содиқона иҷро намоянд.
Ёдовар карда шуд, ки ҳамон қадар оилаи солиму қавӣ аз лиҳози саводнокӣ дар ҷомеа бештар гардад, таъсири омилҳои манфӣ – ба монанди хурофоту иртиҷоъпарастӣ ва тақлид ба расму ойинҳои бегона камтар мегардад.
Дастуроти ҳикматомези Президенти кишвар дар баробари баланд бардоштани дониши назариявии ҷавонон ва аҳли ҷомеа бо мутолиаи асарҳои бадеии ниёгонамон, омузиши таблиғи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим, дўст доштани ватан, оила, ҳурмати насли калонсол, падару модар ва умуман инсондустиро равона гардидааст.
Дар охир ба ин нукта махсус ишора карда шуд, ки сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ ва тарғиби ҳуқуқӣ шароит фароҳам меорад, ки шаҳрвандон аз ҳуқуқҳои худ истифода баранд, масъулият дошта бошанд ва ба имкониятҳои баробар, аз ҷумла имкониятҳои ҳуқуқӣ тавассути волоияти қонун дастрасӣ дошта бошанд, ки ҷиҳати расидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳадафҳои ворид шудан ба қатори давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.