Дар шароити муосири муборизаи тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ бештар маълум мегардад, ки воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеа чӣ гуна нақши бузург доранд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ ба ифтихори 100-солагии матбуоти тоҷик таъкид доштанд: «Дар ҳақиқат, матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо хусусан дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд. Ҳама гуна ҷомеаи демократӣ, алалхусус ҷомеаи кишварҳое, ки нав ба ин ҷода қадам гузоштаанд, ба воситаҳои ахбори омма ва фаъолияти пурсамари онҳо ниёзманд мебошанд».
Аз ин рў тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 18 июли соли 2019 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 25 июли соли 2019 ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729 бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гадид.
Нишасти матбуотиро намояндаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо сухани ифтитоҳи оғоз намуд ва сипас аз ҷониби масъулини сохторони мазкур ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи хеш маълумот доданд.
Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба масъалаҳои номгузорӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарӣ, муқаррар намудани падарӣ, фарзандхондӣ, ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ ва бешаҳрванд, қайди кудакони модарони танҳо, никоҳи хешу таборӣ ва нархи шаҳодатномаҳои арзишноки ҳифзаш қатъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.