Пойдории оила-Муҳаббат аст!

  Санаи 07 декабри соли 2023 бо мақсади вусъат бахшидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани тарбияи ахлоқиву маънавӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, қадр кардани арзишҳои даврони истиқлоли Ватан, пос доштани анъанаҳои ниёгонамон, омода будани ҷавонписарону духтарон бо оиладориву рӯзғордорӣ ва пешгири вайроншавии оилаҳои ҷавон маҳфили ахлоқиву маънавӣ ва маърифатии «Пойдори оила-муҳаббат аст» дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо омӯзгорону ҳунармандон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар кори он мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандонии шаҳри Истаравшан Муртазо Назира ва корманди фаъолу масъули бахши мазкур Гулбаҳор Абдулхайрова иштирок намуданд. Дар маҳфил, мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандонии шаҳри Истаравшан Муртазо Назира ба сухан баромада, ҷавононро барои ташкили ва барпо намудани оилаи солим дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муҳаббату хушбахтии хонаводагӣ талқин намуд. Зикр гардид, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

Ҷаласаи корӣ ҷиҳати таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионӣ оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Санаи 25 ноябри соли 2023 дар маҷлисгоҳи шуъба бо мақсади иҷрои Нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии раёсати адлияи вилоят барои соли 2023 оид ба амалисозии нақшаи чорабиниҳои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати таҳким бахшидани арзишҳои зиддикоррупсионӣ бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи корӣ доир гардид. Ҷаласаи кориро сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода М. оғоз намуда,  мафҳуми коррупсияро тибқи қонунгузорӣ кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад, маънидод намуд.

Тақдими шаҳодатномаҳои ройгон ба кудакони навзод бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таваллудхонаи вилояти Суғд аз ҷониби сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода Меҳрубону ва сардори шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд Рустамзода Нигина ба модарони якқатор кӯдакони навзод шаҳодатномаи таваллуди ройгон дар доираи иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» бо туҳфаҳои пешбинишуда тақдим карда шуд. Зимни тақдими шаҳодатномаҳои таваллуд ба модарони кӯдакони навзод иброз карда шуд, ки баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон фарзандонро дар руҳияи тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ ва заҳматкашиву ободкорӣ тарбия намоянд.

Маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қонун асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин аст

Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амали мегардад. Бо ин мақсад, ҷиҳати амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019 № 599, санаи 20 октябр дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохурӣ мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилояти Суғд Нарзизода Фараҳманд, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент Икромзода Ш.Х., Исматиллозода Д.И., устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи донишкада Исроилов Салоҳиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.