Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, тавассути фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, шаҳрвандон ва ҷалби воситаҳои ахбори омма амали мегардад. Бо ин мақсад, ҷиҳати амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019 № 599, санаи 20 октябр дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент вохӯрии судманд баргузор гардид. Дар вохурӣ мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилояти Суғд Нарзизода Фараҳманд, кормандони бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Панҷакент Икромзода Ш.Х., Исматиллозода Д.И., устоди факултаи таърих ва ҳуқуқи донишкада Исроилов Салоҳиддин ва дигар омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд.
Сараввал Нарзизода Фараҳманд ба сухан баромад, андешаҳои хешро дар раванди амалишавии Барнома ибрози назар намуда, зикр кард, ки таълим ва тарбияи ҳуқуқӣ ҷузъи ҷудонашавандаи сиёсати ҳуқуқии давлат буда, дар робита бо тарбияи сиёсӣ, ахлоқӣ, меҳнатӣ, эстетикӣ ва намудҳои дигари тарбияи инсон бояд анҷом дода шавад. Тарбияи ҳуқуқи бо дар назар доштани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳанги миллӣ, мероси таърихӣ, одату арзишҳои миллӣ ба амал бароварда мешавад. Дар ин раванд, диққати махсус ба интихоби мушаххаси гуруҳҳои аҳолӣ, ки бо сабаби дар сатҳи паст будани маърифат ва шуури ҳуқуқӣ ё надоштани имконияти гирифтани иттилооти ҳуқуқӣ дар ҳолати осебпазир қарор доранд, бояд равона гардад. Ёдрас карда шуд, ки имрӯз вазифаи аввалиндараҷаи ҷавонон таҳкими сулҳу ваҳдат ва нигоҳдории оромии мамлакатамон мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавон бояд ҳеҷ гоҳ мафҳумҳои озодӣ, Истиқлолият ва Конститутсияро аз мадди назар дур насозад. Ҳамаи андешаву кӯшиши худро ҷиҳати таъмини волоияти қонун, болоравии эҳсоси худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, ватандустиву ватанпарастӣ, таҳкими ваҳдат равона созад. Ҷавононро мебояд, ки бештар ва хубтар бо руҳияи баланд ва ифтихору қадрдонӣ (аз иқдомҳои Пешвои миллат, Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ) кӯшиш намуда, баҳри пешрафти Тоҷикистони азизамон ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати куҳанбунёд, соҳибтамаддун ва фарҳангдӯстамон камари ҳиммат баста ва пайваста созандаву бунёдкор бошанд. Дар идомаи вохурӣ, иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, инчунин истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ ва пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб фаҳмонида шуданд. Дар охир аз ҷониби донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардид, ки ба ҳамаи саволҳои иштироккунандагон посухҳои мушаххас гардонида шуд.