Санаи 7 октябри соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи шуъба бо мутахассисони пешбар, мутахассис ва нозир коргузорон, кормандони бойгонӣ ва хазинадоронишуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд, бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят семинари омӯзишӣ вобаста ба ҳуқуқу уҳдадориҳои алиментии падару модар ва фарзандон, ҳамзамон тартиб пардохт ва руёнидану ситонидани алимент доир гардид. Дар кори семинари омӯзишӣ, устоди донишгоҳ, мудири кафедраи назария, таърихи давлат ва ҳуқуқи факултаи “Ҳуқуқшиноси” - и Донишгоҳи ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Очилова Фирӯза Аюбовна иштирок ва суханронӣ намуд.Қайд карда шуд, ки уҳдадории алиментӣ - ин муносибатҳои амволии ҳуқуқии бо меъёрҳои ҳуқуқи оила танзимшавандаест, ки дар асоси созишномаи тарафҳо ё карори суд ба вуҷуд омада, дар заминаи он як аъзои оила нисбати таъминоти дигар аъзои оила уҳдадор мегардад ва охирон ҳуқуқи дастрасии чунин таъминотро ҳуқуқи талаб карданро пайдо менамояд.
Дар баромад, таркиби субъективӣ се гуруҳи уҳдадориҳои алиментӣ, ду шакли рӯёнидани алимент, ҳаҷми алимент, ситонидан ва истифодаи алимент барои кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, алимент барои фарзандони болиғи ғайри қобили меҳнат, иштироки падару модар барои хароҷотҳои иловагии фарзандон, уҳдадории фарзандони болиғ барои нигоҳубини падару модар, вазифаи зану шавҳар нисбати таъминоти якдигар, ҳуқуқи собиқ ҳамсар барои гирифтани алимент, уҳдадории алиментии дигар аъзоёни оила, созишномаи пардохти алимент, тарафҳо ва шакли созишномаи пардохти алимент, мундариҷаи (мазмуни) созишномаи пардохти алимент, тартиби бастан, иҷро намудан, тағйир додан, бекор кардан ва беэътибор эътироф намудани созишномаи пардохти алимент, тартиби пардохт ва рӯёнидану ситонидани алимент, муҳлати муроҷиат барои рӯёнидани алимент, уҳдадории маъмурияти ташкилоти ҷои кори шахсе, ки уҳдадор аст алимент диҳад, сарчашмаи ситонидани (рӯёнидани) алимент, қарзҳои алиментӣ, озод кардан аз додани қарзи алимент, масъулият барои сари вақт напардохтани алимент, нораво будани ба ҳисоб гирифтан ва пас талаб карда руёнидани алимент, индексатсияи алимент, пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда, пардохти алимент дар сурати барои сукунати доимӣ ба давлати дигар рафтани алиментдиҳанда, тағйир додани андозаи алименти муқаррарнамудаи суд ва озод кардан аз додани алимент, асосҳои қатъ гардидани уҳдадориҳои алиментӣ фаҳмонида шуд.