Санаи 20 сентябри соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 аз ҷониби масъулини соҳа бо омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Овчиқалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вохурӣ анҷом дода шуд. Вохурӣ ҳамчун соати дарсии ҳуқуқӣ бо хонандагон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ гузаронида шуда, ба онҳо оид ба иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ҳамзамон истифодаи босамари технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб (шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ дар фазои иттилоотии маҷозӣ) фаҳмонида шудаанд.
Роҳнамоӣ роҳи саодат ва хушбахтист!
Добавить комментарий