Пойдории оила-Муҳаббат аст!

  Санаи 07 декабри соли 2023 бо мақсади вусъат бахшидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ вобаста ба баланд бардоштани тарбияи ахлоқиву маънавӣ, ватандӯстиву ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, қадр кардани арзишҳои даврони истиқлоли Ватан, пос доштани анъанаҳои ниёгонамон, омода будани ҷавонписарону духтарон бо оиладориву рӯзғордорӣ ва пешгири вайроншавии оилаҳои ҷавон маҳфили ахлоқиву маънавӣ ва маърифатии «Пойдори оила-муҳаббат аст» дар Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан бо омӯзгорону ҳунармандон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар кори он мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандонии шаҳри Истаравшан Муртазо Назира ва корманди фаъолу масъули бахши мазкур Гулбаҳор Абдулхайрова иштирок намуданд. Дар маҳфил, мудири бахши сабти ҳолати шаҳрвандонии шаҳри Истаравшан Муртазо Назира ба сухан баромада, ҷавононро барои ташкили ва барпо намудани оилаи солим дар фазои якдигарфаҳмӣ ва муҳаббату хушбахтии хонаводагӣ талқин намуд. Зикр гардид, ки оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.

 Боис қайд аст, ки инсонгароӣ, муҳаббат ба Ватану Модар, бузургдошти арзишҳои милливу маънавӣ ва кулли хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар оилаи солим ташаккул меёбанд. Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш ба муносибати Рӯзи модар аз 6 марти соли 2015 зикр намуда буданд: «Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад».

Скачано с веб-сайта JooMix.org.