Семинари машваратию дастурдиҳӣ дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

 Санаи 20 июни соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашнумаросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинари машваратию дастурдиҳӣ дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикисто» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа доир гардид. Дар кори он, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустамзода Суҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят,  кормандони шуъбаи вилоятӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони шуъбаи вилоятии дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мудирони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия иштирок доштанд.

 Қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мушкилии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар натиҷаи паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), ки хеле нигаронкунандаю ҳасос мебошад, халқи шарафманди тоҷик бо бузургию таҳаммулпазираш дар қатори дигар мардумони дунё умед ба фардои нек ва фазои солими ҷомемаи ватани маҳбуби худ ва тамоми ҷаҳониёнро дорад.

 Дар рўзҳои аввали ин беморӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирии ин бемории сироятӣ ба кишварамон тадбирҳои зируриро роҳандозӣ менамоянд.

 Роҳбарияти шуъба баён дошт, ки мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар шаҳру наҳияҳои вилоят вобаста ба ваколати вогузорнамудаи қонунгузорӣ дар ба амалбарории сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, барои боз ҳам устувор намудани нақши он дар ҷомеа, бунёди оилаи солим, дар ниҳоди никоҳшавандагон парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар оила, тараннуми арзишҳои олии оила чун меҳру муҳаббат, ҳурмату эҳтироми падару модар, тарбияи неки ватандустии ҷавононро вазифаи муҳим ва зарурии хеш меҳисобад. Бунёди оилаҳои устувор тавассути меёрҳои мухталифи қонунҳои амалкунандаи соҳавӣ, пурзур намудани корҳои  тарғиботӣ бо ниҳодҳои дахлдорҳои ҷомеа, аз ҷумла намояндагони дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, мусоидат дар раванди зинаи аввали оиладорӣ ва пешгирии аз ҳаргуна қонунвайронкунӣ мебошад.

     Аз ҷониби мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашнумаросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятРустамзодаСуҳроб,ходими дини вилоят - номзади илмҳоисуханшиносӣҲоҷӣҲусайнМўсозода, намояндаи Маркази давлатии санитарию эпидимиологии вилоят ба сухан баромада, таъкид намуданд, ки бо назардошти ба эътидол омадани вазъи паҳншавӣ ва интиқоли бемории сироятӣ тибқи қарори ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ аз санаи 17-уми июни соли равон оид ба пурзўр намудани чораҳои зидди эпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии COVID-19 аз 20-уми июни соли 2020 дар ҷумҳурӣ барои гузаронидани туйи хонадоршавӣ муваққатан дар доираи то сад нафар даъватшуда ва танҳо як маърака дар маҳалли истиқомати ё дигар муассисаҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла тарабхонаю ошхонаҳо, тўйхона, чойхона ва боғҳои истироҳатӣ бо риояи ҳатмии қоидаҳои санитарию гигиенӣ иҷозат дода мешавад. Ба иштирокчиёни семинар даъват ба амал оварда шуд, ки ба шаҳрвандон ва соҳибони тўю маърака, марказҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла соҳибони тўйхонаҳо, тарабхона, ошхона ва макони баргузории он дар хонаҳои истиқоматӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ҳангоми баргузории тўю маърака бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, инчунин талаботи муқарраргардидаро қатъиян риоя ва ба роҳ монанд. Шаҳрвандонро зарур аст, ки ҳангоми иштирок дар маъракаҳо ҳатман масофаро риоя карда, аз ниқоб ва маводи антисептикӣ истифода баранд. Соҳибони тўйхонаю тарабхона ва марказҳои хизматрасониро зарур аст, ки барои баргузории таъмини саломатии шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурии беҳдоштиро фароҳам оваранд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.