Маҷлиси ҷамъбастии мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят

17 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи  шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят таҳти сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Ҳошимзода М. маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор гардид.

Дар кори маҷлис мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо ва кормандони масъули шуъбаи вилоятӣ иштирок доштанд.

Аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. вобаста ба натиҷаҳои ҷамъбастии мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар соли 2018 баромад карда, қайд намуд, ки соли сипаришуда барои кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят – воқеан як соли хотирмону таърихӣ аст, зеро аз сафарҳои пурбарори Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилоят ва иҷрои бомароми Барномаи рушди мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ барои солҳои 2014-2019 дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва дар ҳамин замин рўз ба рўз дигаргуниҳои куллӣ, фароҳам овардани шароитҳои хуби арзанда барои кормандон ва муроҷиаткунандагон мебошад.

Маҷлиси солонаи сохторҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд

07 январи соли 2019 бо иштироки муовини Вазири адлияи Ҷумуҳрии Тоҷикистон Мирсайдзод  Ҳаким Саид маҷлиси солонаи сохторҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят  баргузор гардид.

Сараввал сардори Раёсати адлияи вилояти Суғд Турахонзода Б. маҷлиси солонаро оғоз намуда, идомаи суханро вобаста ба фаъолияти солонаи Раёсати адлияи вилоят –ба сармутахассиси Раёсати адлияи вилоят Абдуазизиён А. пешниҳод намуд.

Сармутахассиси Раёсати адлияи вилоят Абдуазизиён А. дар хусуси тадбирҳои иҷрошуда дар соли 2018 баромад намуда, зикр намуд, ки дар раванди барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон Раёсати адлияи вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои дахлдор, ҳамоҳангсозӣ оид ба таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон нақшаҳои корӣ таҳия намуда, фаъолияти тарғиботию ташвиқотии ҳуқуқиро вобаста ба баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар асоси санадҳои меъёрию-ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст.

Барномаи Рӯ ба рӯ

    Дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019, санаи 28 декабри соли 2018 мудири бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Ашт Раҳимова Н. ва мутахассиси пешбари бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Конибодом Сироҷиддинзода М. дар барномаи Рӯ ба рӯ-и телевизиони вилояти Суғд иштирок намуда, вобаста ба тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ» баромад намуданд.

Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ

Санаи 10 ноябри соли 2018 баҳри боз ҳам татбиқ намудани Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «21» декабри соли 2016 № 395 тасдиқ  шудааст дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани малакаи дониш ва ҳисси масъулияти муҳосиб ва нозир- коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мутахасиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. тавассути хониши ҳуқуқӣ, корҳои тарғиботиро ба роҳ монд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.