Зӯроварӣ дар оила

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар доираи татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани  сатҳи маърифати ҳуқуқи кормандон вобаста ба  иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294 ва Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардидааст,  санаҳои 15 – 20 октябри соли 2018  дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳуқуқшинос, коршиноси миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила – Дотсенти кафедраи  ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух, психолог-профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси миллӣ оид ба офиятбахши равони ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила Юнусова Нафиса дар мавзуи «Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони  зӯроварӣ дар оила – аз назария ба амалия» бо мутахассисони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят  ва кормандони  ҷамоатҳои деҳот дар 3 баст 20 нафарӣ аз рӯи барномаи омӯзишии мувофиқагардида доир гардида, дар он  ба иштирокдорон шарҳи санадҳои қонунгузорӣ дар сохтори зӯроварӣ дар оила, нақши кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар машварати пеш аз бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ё ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ  фаҳмониданд.

 Мақсади асосии он афзоиши иқтидори мутахассисони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба расонидани ёрии машваратӣ барои никоҳшавандагон ва ҳуқуқҳои онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, дарки хусусияти падидаи зӯроварӣ дар оила ва бозравонӣ барои хизматрасонии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила (муроҷиаткунандагон барои ҷудошавӣ) равона карда шудааст.

       Ҳамзамон дар санаҳои зикршуда аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба қабул ва иҷрои саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, риояи муошират ва интизом дар доираи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда, инчунин иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ”, “Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” ҳангоми ба ҷо овардани амалиётҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, роҳ надодан ба ҳаргуна кирдорҳои номатлуб (сохтакорӣ ва омилҳои коррупсионӣ) корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Бо баробари ин мутахассисонро водор намуданд, ки новобаста аз вазифа бояд риоя, тарғиб ва ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.