Хонишҳои ҳуқуқӣ дар самти татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019

Санаи 15 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд   бардоштани  сатҳи   маърифати ҳуқуқ, воқиф гардидани аҳоли аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, пешбурди тарзи ҳаёти солим бо кормандони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят хониши ҳуқуқӣ гузаронида шуд.

 Дар он сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят оид ба қабул ва иҷрои саривақтии муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, риояи муошират, интизом дар доир Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сандаҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда, инчунин таъмини иҷрои риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда”, “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ”, “Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” ҳангоми ба ҷо овардани амалиётҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.

      Ҳамчунин мутахассисонро водор карда шуданд, ки новобаста ба вазифа бояд риоя, тарғиб ва ташвиқи Паёми Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  – Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро васеъ ба роҳ монанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.