Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари арзишҳои эътирофшудаи ахлоқӣ

Санаи 10 ноябри соли 2018 баҳри боз ҳам татбиқ намудани Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармоиши Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «21» декабри соли 2016 № 395 тасдиқ  шудааст дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани малакаи дониш ва ҳисси масъулияти муҳосиб ва нозир- коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят аз ҷониби мутахасиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. тавассути хониши ҳуқуқӣ, корҳои тарғиботиро ба роҳ монд.

 Риояи талаботҳои Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуда, зикр карда шуд, ки корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда, ба шаъну шараф, обрўю эътибори корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ иснод наоварад.

    Дар доираи вохурӣ, ба онҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,  «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019», «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор», «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ»  фаҳмонида шуда, ба ҳар яки онҳо иҷрои ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъоляти кории ҳар як корманд буданро, водор намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.