Семинари машваратию дастурдиҳӣ дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

 Санаи 20 июни соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар ҳамкорӣ бо шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашнумаросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят семинари машваратию дастурдиҳӣ дар самти татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикисто» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши касбии кормандони соҳа доир гардид. Дар кори он, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Рустамзода Суҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, намояндаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят,  кормандони шуъбаи вилоятӣ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, мутахассисони шуъбаи вилоятии дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва мудирони шуъбаю бахшҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия иштирок доштанд.

Манъи баргузории тӯю маърака

 Санаи 3 июни соли 2020 бо сохторҳои мақомоти давлатӣ дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 барномаи Рӯ ба рӯ дар телевизиони вилояти Суғд ба таври  мустақим пахш гардид. Дар он мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Нарзизода Фараҳманд, мудири шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Рустамзода Сӯҳроб, ходими дини вилоят - номзади илмҳои суханшиносӣ Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, ва Директори маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар вилояти Суғд Хоҷаева Зуфнуна Олимовна иштирок дошта, ба саволҳои сершумори шаҳрвандон посух доданд.

Оила мазраи поку муқаддас

 Дар тафаккури мардуми тоҷик аз даврони дури таърихӣ оила ба унвони мазраи поку муқаддас, ки аз таҷаллои он шоҳроҳи умри бардавоми инсоният ҷило медиҳад, шинохта мешавад. Оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад ва бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Қайд кардан зарур аст, ки дар мазраи диле муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ бояд шукуфон бошад. Санаи 14 майи соли 2020 дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ва даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон бо мақсади амалӣ намудани корҳои хайру савоб, аёдати собиқадорони соҳа роҳандозӣ карда шуд.

Изҳори тасаллият

    Шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят вобаста ба  даргузашти бармаҳали мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Гулистон Махмудзода Наргис тасаллияти хешро баён ва андуҳи ин талафоти бе бозгаштро бо ҳам қисмат менамояд. Дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳузнангез ба аҳли оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ амиқ менамоянд, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳӣ хоҳони онро дорад, ки рӯҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.