Баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии кормандони шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд

    Санаи 02 апрели соли 2020 аз ҷониби намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд вобаста ба иҷрои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо кормандони шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд семинари дастурдиҳӣ доир гардид. Намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Назариён Василбек суханронӣ намуда зикр кард, ки муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои  ба он мусоидаткунанда мебошад.

     Қайд гардид, ки коррупсия низ дар қатори дигар хатарҳои ҷаҳони имрӯза мавқеи мустаҳкамеро ба худ касб кардааст, ки зарари он нисбат ба дигар хатарҳои муосир камтар нест. Ин падидаи манфӣ дар пешрафти ҷомеа имрўза монеаҳои ҷиддиро ба бор овардааст. Бинобар ин, мо бояд кўшиш ба ҳарҷ диҳем, ки шиддати омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро паст намуда, насли имрўзаро ба поктинативу зебопарастӣ, башардўстиву инсонпарварӣ, заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон ҷо додан, инчунин дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расониданро  талқин намоем.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.