Оила мазраи поку муқаддас

 Дар тафаккури мардуми тоҷик аз даврони дури таърихӣ оила ба унвони мазраи поку муқаддас, ки аз таҷаллои он шоҳроҳи умри бардавоми инсоният ҷило медиҳад, шинохта мешавад. Оила маконест, ки дар он ҷо арзишҳои ахлоқӣ ва меъёрҳои иҷтимоӣ аз як насл ба насли дигар интиқол дода мешавад ва бисёр масъалаҳои муқаддасу масъулиятнокро дар рушд, таҳаввул, тарбия ва саодати инсонӣ ба уҳда дорад. Қайд кардан зарур аст, ки дар мазраи диле муҳаббат парварида мешавад, гули вафо, устуворӣ, матонат ва фазилатҳои неки инсонӣ бояд шукуфон бошад. Санаи 14 майи соли 2020 дар арафаи таҷлили Рӯзи байналмилалии оила ва даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон бо мақсади амалӣ намудани корҳои хайру савоб, аёдати собиқадорони соҳа роҳандозӣ карда шуд.

Дар қатори аёдатшудагон, аввалин мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии вилояти собиқ Ленинобод Икромова Муқаддамхон дар самти бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти бенуқсон анҷом додаанд, дидан намуда ва маҳсулоти ниёзи аввала дастрас карда шуд. Онҳо аз аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорию самимияти хешро иброз намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати  миллӣ менамоянд.

    Умедворӣ бар он доштанд, ки бо инояти Худованди карим ва дуои мардуми шарифи Тоҷикистон аз ин вабои аср - бемории сирояткунандаи Короновирус COVID- 19 ҳарчи зудтар халос ёфта, мардуми сайёраи замин, аз ҷумла мардуми Тоҷикистони азиз шоҳиди саломатӣ ва амнияти хеш гарданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.