Нимаи рӯзи 23 апрели соли 2021 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва мутахассисон вобаста ба мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия яке аз фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва роҳҳои пешгирии он» вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ нозири калони ШМК-и раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамдамзода Давлат иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки имрӯзҳо коррупсия ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта, ба субот ва бехатарии ҷомеа таҳдид менамояд, арзишҳо ва сохтори демократӣ, арзишҳои маънавӣ ва адолатро коста намуда, ба рушди устувор ва волояти қонун таъсири манфӣ мерасонад.
Бешубҳа, ҳаргуна системаи давлатдорӣ новобаста аз сохтори сиёсӣ ва иқтисодии он мубталои коррупсия мегардад. Дар баробари ин давлатҳои ру ба тараққи ва дар давраи гузариш қарордошта, ки дар онҳо шаффофият ва масъулият камтар ба назар мерасанд, нисбат ба кишварҳое, ки дорои системаи пуриқтидор ва масъулиятнокии сиёсӣ мебошанд, бештар мубталои коррупсия мегарданд. Муҳимияти масъала ва оқибатҳои нангини коррупсияро дарк намуда, аз 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид зидди коррупсия қабул гардид, ки дар он принсипҳо, самтҳои асосӣ ва номгӯи чорабиниҳои муҳими муқовимат ба коррупсия пешбинӣ шудаанд. Ҷумҳурии Тоҷикстон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ аз хатари ин зуҳурот огоҳ буда, ҳанӯз аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, баҳри паст кардани шиддати коррупсия мунтазам чораҳои муассиро ҳам дар сатҳи қонунгузорӣ ва ҳам дар сатҳи қонунтатбиқкунӣ андешида истодааст. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, ки «Яке аз хатарҳои асосии ҷомеа, ки ба рушди устувори давлат монеъ шуда, ба нуфузу обрӯи он дар арсаи ҷаҳонӣ таъсири манфӣ мерасонад, коррупсия мебошад».Мавсуф ҳамзамон аз таърихи таъсисёбии сохтори муборизабаранда, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шомилшавии давлат ба созмону шабакаҳои зиддикоррупсионии байналмилалӣ ёдоварӣ намуда, аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» аз 07 августи соли 2020, №1714 ба маълумоти ҳозирин расонида шуд. Қайд гардид, ки қонун асосҳои ҳуқуқию ташкилии муқовимат ба коррупсияро муайян намуда, ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои давлату ҷомеа, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст. Дар қонуни мазкур мафҳуми “Коррупсия” ҳамаи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ дар бар гирфта, бо назардошти тавсияҳои Конвенсияи СММ ба зидди коррупсия маънидод шудааст. Мафҳуми коррупсия дар қонунгузории мазкур оварда шудааст, ки коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки аз ҷониби шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба он баробаркардашуда бо истифода аз мақоми хизматии худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахси дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар содир карда мешавад, инчунин ба ин шахс бевосита ё бавосита додани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарӣ ё имтиёзҳои дигар ба субъектҳои ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд бо мақсади моил кардан ё мукофотонидани онҳо барои содир намудани чунин ҳаракатҳо ба манфиати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад. Ҳамзамон cубъектони бевосита ба коррупсия муқовиматкунанда ва субъектҳое, ки дар муқовимат ба коррупсия иштирок менамоянд, инчунин иҷрои риояи талаботи моддаи 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» фаҳмонида шуд.