Бо ибтикори шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят санаи 11 майи соли 2021 дар тарабхонаи “Ҷавони”-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба Солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба муносибати Рўзи байналмилалии оила барномаи фарҳангии телевизионӣ таҳти унвони «Оила –пайвандгари наслҳо» бо оилаҳои намунавӣ аз шаҳру ноҳияҳои вилоят доир гардид. Оилаҳои ҷалбшуда дар тӯли зиндагии хеш барои пешрафти ҷомеа, пойдорӣ ва солимии оила, нигоҳдории арзишҳои фарҳангию таърихӣ, татбиқи хислатҳои одоби оиладорӣ дар якдигарфаҳмии ҷавонон саҳм гузоштаанд, даъват гардидаанд. Барномаро намояндагони фарҳанг бо суруду мусиқӣ ва саҳначаҳои театрикунонидашуда хотири бинандагонро болида гардонида, ба чорабинӣ шодиву сурурии иловагиро эҳдо намуд.
Чорабиниҳои судманд ба хотири пойдорӣ ва солими оила дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят доир ва баргузор гардида истодаанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо, баланд бардоштани маърифати одоби оиладорӣ ва устувории оилаҳои ҷавонро дар байни ҷомеа талқин намудан аст.