Тибқи ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ санаи 24 феврали соли 2021 дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729 дар толори Раёсати адлияи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Темур Туйчизода, сардори раёсати адлияи вилоят Мамлакат Раҳматзода, муовин ва кормандони дастгоҳи марказии раёсат, сармутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иштирок намуданд. Сараввал нишасти матбуотиро сардори раёсати адлияи вилоят Раҳматзода М. Т. ифтитоҳ бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти солонаи хеш ҳисобот дод.
Дар ҷараёни баргузории нишасти матбуотӣ, намояндагони васоити ахбори омма дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба масъалаҳои қайди ақди никоҳи шаҳрвандони хориҷӣ ё бешаҳрванд бо шаҳрвандони кишвар, бекор кардани ақди никоҳ, тартиби бақайдгирии ақди никоҳ дар шароити имрӯза, издивоҷи бармаҳал, таваллуд кудакони навзод дар хона, номгӯзории кудакон дар доираи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ, додани шаҳодатномаҳои ройгон, ташаккули пасвандҳо дар насаб ва номи падарӣ ва дигар масъалҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.