Маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Субҳи рӯзи 24 феврали соли 2021 таҳти сарвари мутахасиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. дар толори маҷлисгоҳи шуъба маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор гардид. Дар кори он мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳиҳои вилоят, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва муҳосибони ин ниҳод иштирок доштанд. Маҷлиси баргузоршуда аз рӯи нишондоди соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта ва вазифагузориҳо барои соли 2021 пешниҳод карда шуд. Нарзизода Ф. зимни суханронии хеш ба масъалаҳои афзоиш додани нишондиҳандаҳои мусбӣ ва кам кардани омилҳои номатлуб таваҷҷуҳ зоҳир намуда зикр намуд, ки ҷашни таърихии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намоем. Дар маҷлис вазъи иҷрои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ натиҷагирӣ карда шуда, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии муроҷиатҳо дастурҳо дода шуд.

   Лозим ба ёдоварист, ки ӯ дар рафти баргузории маҷлиси солона ба масъалаҳои татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», Барномаҳои давлатӣ аз қабили таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии коррупсия ва дар ин замина иҷрои кодексҳои одоби хизмати давлатию соҳавӣ, низоми ягонаи электронӣ, кушодани саҳифа дар шабакаҳои иҷтимоӣ, истифодаи шаҳодатномҳои ҳифзаш қатъӣ, қайди саривақтии кудакони навзод ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои тиб, тарзи дурусти хароҷоти маблағҳо, ташкил ва назорати маблағҳои пешбинишаванда дар ҷамоатҳои деҳот, иҷрои нақша чорабиниҳои қабулшуда, дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ, интизоми меҳнат ва муоширати хуб бо шаҳрвандон, ба бар намудани либоси муайяншуда аз масъулин пурсида шуда, ҷиҳати таъмини иҷрои он супориш дода, барои тақвияти фаъолияти мунназами масъулин ва нерӯи зеҳнӣ ҳидоят намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.