Санаҳои 23 - 25 апрели соли 2019 аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо бойгоншиносон ва нозир-коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, кормандони вобастагардидаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дар доираи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, хонишҳои ҳуқуқӣ гузаронида шуд.
Дар рафти он, иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019», «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор», «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» фаҳмонида шуд.
Ба кормандони мазкур, ки новобаста аз самти фаъолият, иҷро ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъоляти кории ҳар як корманд буданро дастур дода шуд.
Инчунин дар масъалаҳои пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, қайди саривақтии кудакони навзод, корҳои тарғиботӣ бо фаро гирифтани минтақаҳои аҳолинишин аз ҷониби масъулин (ҳамкори бо дармонгоҳҳо, мактаб ва аҳолӣ), пешгирии никоҳи хешу таборони наздик, дуруст пешниҳод кардани хабарномаҳо вобаста ба амалиётҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ҷорӣ кардани лавҳаи огоҳӣ (оид ба хондани ҳуҷҷатҳои асноди ҳолати шаҳрвандии гирифташаванда) корбарӣ намоянд. Ба масъулини оид ба сари вақт ворид намудани тағйиротҳои дахлдор ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва худдорӣ намудан аз ҳаргуна омилҳои номатлуб аз қабили ҳолатҳои коррупсионӣ, сохтакорӣ (ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) ва масъалаҳои ворид намудани сабтҳо ба системаи амалкунанда (низоми ягонаи электронӣ), интизоми меҳнат (сари вақт ба кор ҳозир шудан ва дар вақти муайян аз кор рафтан), муоиширати хуб бо шаҳрвандон (таҳаммулпазирӣ) дар доираи Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ободии гирду атрофи коргоҳ ва тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст, ҳидоят карда шуд.