Дар доираи татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи кормандон вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294 ва Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардидааст, санаи 22 апрели соли 2019 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят аз ҷониби ҳуқуқшинос, коршиноси миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила – Дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух, Доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Юнусова Нафиса дар мавзуҳои «Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила – аз назария ба амалия», «Пешгирии пешгирии зӯроварӣ дар оила, аҳамияти омӯзиш ва танзими ҳуқуқии он бо 50 нафар аз рӯи барномаи омӯзишии мувофиқагардида оғоз гардида то санаи 25 апрели соли 2019 идома дорад.
Қайд кардан зарур аст, ки дар он ба иштирокдорон шарҳи санадҳои қонунгузорӣ дар сохтори зӯроварӣ дар оила, нақши кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар машварати пеш аз бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ё ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ, ҳамчунин дар он асосҳои ҳуқуқии пешгирии зӯроварӣ дар оила, намудҳои зӯроварӣ дар оила, аломатҳои зӯроварӣ дар оила, сабабҳо ва баҳонаҳои зӯроварӣ дар оила, хусусиятҳои зӯроварӣ дар оила, давраҳои зӯроварӣ дар оила, зуроварии ниҳоят хатарнок, хусусиятҳои характерноки рафтор, қоидаҳои расонидани ёрии таъҷилии психологӣ, аз нигоҳи ислом пойдевори бинои ҳаёти заношавҳариро аз нахусти лаҳзаҳои шаклгирӣ, интихоби ҳамтои муносиб ва ҷуфти шоиста, то марҳалаҳои ниҳоӣ ва сояафкан гардидани гунбади хонавода бар сари зану шавҳар фаҳмонида шуданд. Зикр гардид, ки оромиш, муҳаббат ва дилсузӣ дар зиндагонии муштараки зану шавҳар муҳимтарин ҳадафи бинои хонавода аз дидгоҳи Қуръон мебошад.
Бо баробари гузаронидани корҳои фаҳмонидадиҳӣ ба иштирокчиён маводҳои зарурӣ аз қабили маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳҳои пешгирии зӯроварии хонаводагӣ ва ҳаёт бе зӯроварӣ таъмин гардид.
Мақсади омӯзиш, афзоиши иқтидори мутахассисони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба расонидани ёрии машваратӣ барои никоҳшавандагон ва ҳуқуқҳои онҳо дар муносибатҳои оилавӣ, дарки хусусияти падидаи зӯроварӣ дар оила ва бозравонӣ барои хизматрасонии ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила (муроҷиаткунандагон барои ҷудошавӣ) равона карда шудааст.