Санаи 03 ноябри соли 2018 баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 октябри соли 2011 № 458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» пеш аз оғози хониши ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои қонуну қарорҳои амалкунанда дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани малакаи дониш ва ҳисси масъулияти бойгоншиносон ва коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ фаъолиятдошта аз ҷониби устодони ботаҷрибаи донишгоҳи олӣ корри хаттӣ гирифта, натиҷааш ба ҳар як кормандон шинос карда шуд.
Сипас бо 36 нафар кормандон аз ҷумла, кормандони шуъбаи вилоятӣ, бойгоншиносон ва коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳо дар доираи татбиқи қарори мазкур баҳри бархурдор намудани онҳо аз қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи боҷи давлатӣ», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019», «Дар бораи Дастурамали намунавии коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассиса, корхона ва дигар ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор», «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд.
Масъулини шуъбаи вилоятӣ баҳри иҷрои ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, қонунҳои «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 дастурҳо дода, ҳамчунин баҳри тарғиби оилаи солим ва пешгирӣ аз ҳаргуна омилҳои номатлуб аз сомонаи расмии шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо пешниҳоди мақолаю хабарҳои ҷолиб васеъ истифода намуданро талқин намуданд.
Аз ҷониби масъулини шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят ба бойгонидорон ва шахсони масъул оид ба сари вақт ворид намудани тағйиротҳои дахлдор сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва худдорӣ намудан аз ҳаргуна сохтакорӣ (беасос ворид накардани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ), сари вақт ворид намудани сабтҳо ба системаи амалкунанда (низоми ягонаи электронӣ) ва истифодаи калидҳои электронӣ, интизоми меҳнат ва муоиширати хуб бо шаҳрвандон аз руӣ талаботи Кодекси одоби корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бояд дар фаъолияти касбии худ поквиҷдонона ва беғаразона амал намуда ба шаъну шараф, обрўю эътибори корманди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ иснод наовардан, ба ободии гирду атрофи коргоҳ ва тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст, аҳамияти хоса зоҳир намудан, таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Мақсад аз ин хонишҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ташаккул додани боварӣ ва эътиқод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ, воқиф гардидани аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуҳуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунӣ равона карда шудааст.