Санаи 31 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи фаъолияти соҳа доир гардид. Сараввал маҷлисро сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят 84208 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдӣ давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ҷумла, сабти таваллуди кудакони навзод 43792 адад, сабти вафот 8245 адад, сабти ақди никоҳ 15762 адад, қайди берун аз муҳлати таваллуди кўдакони навзод 3395 адад, қайди берун аз муҳлати сабти вафот 203 адад, сабти бекоркунии ақди никоҳ 3125 адад, сабти муқаррар кардани падарӣ 2304 адад, сабти фарзандхонӣ 197 адад, сабти иваз кардани насаб, ном ва номи падар 7185 ададро ташкил мекунад.
Қайд гардид, ки соли равон барои кормандони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят – як соли таърихӣ ба ҳисоб меравад, ки санаи 24 июни соли 2018 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон бинои Маркази адлия ифтитоҳ гардид. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанаи ақди никоҳ 6 –ҷуфт ҷавонон барои аз қайди ақди никоҳи давлатӣ гузаштан иштирок намуда, навхонадоронро баҳри пойдору устувории оила ҳидоят намуда ба онҳо туҳфаҳо супориданд.Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ин ҳама заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор менамояд ба истиқболи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои бунёди ҷомеаи навин ҳам чун як фард заҳмат кашида, ба ободи Ватани азизамон саҳмгузор бошем.
Зикр шуд, ки имрўзҳо барои татбиқи Барономаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 сомонаи расмии шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят бо номи www.sahsh.tj дар моҳи июл ба истифода дода шуд, вале то ҳол масъулини шаҳру ноҳияҳо бо баробари таъкиди чандин каратаи мутахассисони вилоят, барои тарғиби санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, оилаи солим ва пешгирии аз ҳаргуна омилҳои номатлуб чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Чандрўз қабл намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маводҳои пешниҳоднамудаи шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 шинос гардида, вобаста ба камбудиҳо тавсияҳо доданд. Пешниҳод гардид, ки бинобар ҳангоми тартиб додани нақшаи Стратегияи амалкунанда, дар бандҳои он иҷрои мақсадноки маблағҳои дар смета пешбинишуда, назорати амволи давлати ва мақсаднок истифода намудан он, инчунин истифодаи дурусти маводҳои конселиарӣ ва коммуналӣ (барқу об, истифодаи телефонҳои хизматӣ) ворид карда шуда, иҷрои он босифат таъмин карда шавад.
Таъкид гардид, ки риоя ва иҷрои талаботҳои қонуну қарорҳои амалкунанда ба ҳама ҳатмӣ буда, махсусан иҷро ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста соҳаро ба танзим медарорад, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ, инчунин Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъоляти кории ҳар як корманд бошад, аз руи он амал намояд.
Дар кори маҷлис пешниҳодоти Прокуратураи вилоят дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидатнамуда дар фаъолияти шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, гузоришу пешниҳодҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия оид ба санҷиши рафти татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят, инчунин сари вақт пешниҳод кардани ахбор оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” дар ҳар семоҳа ба унвони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар охир ёдрас гардид, ки масъалаҳои даст назадании кормандон ба ҳаргуна кирдорҳои номатлуб (сохтакорӣ, омилҳои коррупсионӣ), ворид намудани сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба системаи амалкунанда (низоми ягонаи электронӣ) ва истифодаи калидҳои электронӣ, интизоми меҳнат ва муоиширати хуб бо шаҳрвандон, ободии гирду атрофи коргоҳ (бартараф кардани шикасту рехти биноҳои дар доираи Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 бунёдгардидаи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Ҷ.Расулов, Шаҳристон, Зафаробод), тозаю зебо нигоҳ доштани утоқҳои корӣ ва эҳтиёткорона муносибат намудан ба амволе, ки барои иҷроиши уҳдадориҳо аз ҷониби корфармо пешниҳод карда шудааст дар шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷамоатҳои деҳот аҳамияти хоса зоҳир намоянд.