Маҷлиси ҷамъбастии нимсолаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят

   Санаи 20 июли соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбастии мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят дар нимсолаи аввали соли 2018 баргузор гардид, ки дар кори он мутахассисон, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва масъулини даъватгардида иштирок доштанд. Сардори шуъба дар баромади хеш зикр намуд, ки ин муддат, дар вилоят – 52322 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз қайд гузаронида шуданд. Аз ҷумла, сабти таваллуд - 26887, сабти вафот - 5604, сабти никоҳ - 8768, қайди берун аз муҳлати таваллуди кўдакони навзод - 2191, қайди берун аз муҳлати сабти вафот - 144, сабти бекоркунии ақди никоҳ - 2180, сабти муқаррар кардани падарӣ – 1489, сабти фарзандхонӣ -126, сабти иваз кардани насаб, ном ва номи падар  4933-ададро ташкил мекунад.

      Пиромуни масъалаҳои ҷойдошта,  истифодаи калидҳои электронӣ, мавҷуд будани хатогиҳо дар воридоти сабтҳо ба системаи амалкунанда ва ислоҳи беасоси он таваҷуҳ зоҳир карда шуд. Инчунин қайд карда шуд, ки иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизмати давлатӣ ва соҳавӣ, Барномаҳои давлатӣ ва Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020 сармашқи фаъолияти кории ҳар як корманд бошад. Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкили чорабӣ, суҳбату вохӯрӣ бо оилаҳои баруманду ҳунармандро ташкил намоянд ва оғози татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” ва сарфаи онро дар байни кормандон ва аҳолӣ тарғибу ташвиқ намоянд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки китобҳои бақайдгирии муроҷиатҳои шаҳрвандонро ба қонунгузорӣ мутобиқ намоянд ва ба муроҷиатҳои шаҳрвандон сари вақт ҷавоби асоснок ирсол намоянд. Доштани дониши мукаммал, риояи дақиқ ва иҷрои меъёрҳои қонун, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, садоқат ба Ватан, инсондӯстӣ ва поквиҷдони дар доираи Кодекси одоби кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои супоришҳои саривақтии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастурҳо дода шуд. Дар рафти маҷлис таъиноти хусусии суди шаҳри Панҷакент ба унвони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят аз 12 июли соли 2018, №680 ворид гардида буд, мавриди муҳокима қарор дода, ба масъулини соҳа ҷиҳати роҳ надодан ба чунин камбудиҳо дастуру супоришҳо дода шуд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/en/news/153-majlisijambasti072018.html#sigProGalleria593c03c270
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.