Семинар-машварат дар мавзўи «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ»

 Санаи 13 июли соли 2018 дар партави дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби масъулини бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Конибодом дар ҳамкории бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо мақсади баланд бардоштани маърифату фарҳанги оиладорӣ бо никоҳшавандагон дар тарабхонаи «Тоҷи Канд» бо 90 ҷуфт ҷавононе, ки дар арафаи издивоҷ қарор доранд семинари фаҳмондадиҳӣ баргузор гардид. Дар кори семинар Раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ иштирок ва суханронӣ карда, зикр намудааст, ки оила дар баробари падидаи иҷтимоӣ ва тарбиявӣ будан барои расидан ба рўзгори обод ва ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ, равонӣ, таъмини шароит, меҳнат, беҳдошт ва ҳифзи саломатӣ, эҳсоси масъулият дар зиндагӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд.

Ҳамчунин масъулин ҷавононро ба таҳаммулпазирӣ, эҳтиром, эҳсоси вазифа ва ҷавобгарии тарафайнро дар бунёди оилаи солим ҳидоят намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.