Семинари омӯзишӣ

Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони рушд дар доираи амалишавии Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2014, №21 тасдиқ гардидааст, ки  дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шаҳри Душанбе моҳҳои май – ноябри соли 2018, омўзиши мутахассисони соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба  кор дар системаи САҲШ2 пешбинӣ шудааст.

Дар радифи донишгирандагон, санаи  06 августи соли 2018  мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Конибодом, мутахассис-коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент дар кори семинари омузишӣ дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.  Инчунин дар кори семинари омӯзишӣ масъулини шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи Лахш, Рашт, Тоҷикобод, Нуробод, Муъминобод, Балҷувон, Кушониён, Хоруғ, Ишкошим қарор доштанд.

 Дар доираи барномаи таълимии пешбинишуда рӯзи аввали барнома аз ҷониби омӯзгорон барои мутахассисони соҳа шиносои бо компютер (маълумоти муфассал оид ба таҷҳизотҳои асосии корӣ) қисмҳои иловагии компютер, принтер ва намудҳои он, ченаки ҳаҷми иттилоот, сохтани файл, барномаҳои стандартии корӣ, вирусҳо ва зарари он ба таҷҳизот, сабти файлҳо дар таҷҳизотҳо ва системаи оператсионии Windows (имкониятҳои барнома) омӯзонда ва дар дигар рӯзҳои семинар принсипҳои асосии кори системаи САҲШ2 ва мафҳуми асосии он, интернет, мафҳумҳо ва технологияҳои ба он вобаста, таъминоти таҷҳизоти система ва фаъолияти он, имзои электронӣ, ҷабҳаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ омӯзонида мешавад.

     Бозомўзии кормандон дар доираи ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, барои кор дар системаи идоракунии автоматикунонӣ замина мегузорад.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.