Нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма

   Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят аз 10 июли соли 2018 дар толори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд якҷоя бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят санаи 01 августи соли 2018 баҳри таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП - 1729  бо намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ доир гадид. Нишасти матбуотиро сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Муқаддам Ҳошимзода бо сухани ифтитоҳи оғоз намуд ва сипас аз ҷониби роҳбарони сохторони мазкур ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти нимсолаи хеш маълумот доданд.

          Дар рафти нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма, махсусан маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон ва Кайҳон, газетаи «ASIA-Plus», Фараж, Ҳақиқати Суғд, радиоҳои Озодӣ ва Пайванд, телевизионҳои Суғд ва Танин дар соҳаи асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба масъалаҳои номгўзорӣ, иваз кардани насаб, ном ва номи падарӣ, сабабҳои бекор кардани ақди никоҳ, қайди кудакони мурдатаваллуд, тифлони то яксолаи фавтида ва шаҳодатномаҳои корношоямшуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.