Санаи 03 ноябри соли 2018 баҳри татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 октябри соли 2011 № 458 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» пеш аз оғози хониши ҳуқуқӣ вобаста ба иҷрои қонуну қарорҳои амалкунанда дар доираи иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019» баҳри баланд бардоштани малакаи дониш ва ҳисси масъулияти бойгоншиносон ва коргузорони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ фаъолиятдошта аз ҷониби устодони ботаҷрибаи донишгоҳи олӣ корри хаттӣ гирифта, натиҷааш ба ҳар як кормандон шинос карда шуд.
Маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят
Санаи 31 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳаи фаъолияти соҳа доир гардид. Сараввал маҷлисро сардори шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки дар ин давра аз ҷониби мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандии вилоят 84208 сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ бақайдӣ давлатӣ гирифта шудаанд. Аз ҷумла, сабти таваллуди кудакони навзод 43792 адад, сабти вафот 8245 адад, сабти ақди никоҳ 15762 адад, қайди берун аз муҳлати таваллуди кўдакони навзод 3395 адад, қайди берун аз муҳлати сабти вафот 203 адад, сабти бекоркунии ақди никоҳ 3125 адад, сабти муқаррар кардани падарӣ 2304 адад, сабти фарзандхонӣ 197 адад, сабти иваз кардани насаб, ном ва номи падар 7185 ададро ташкил мекунад.
Зӯроварӣ дар оила
Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд дар доираи татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи кормандон вобаста ба иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 майи соли 2014, №294 ва Консепсия рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, №801 тасдиқ гардидааст, санаҳои 15 – 20 октябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби ҳуқуқшинос, коршиноси миллӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила – Дотсенти кафедраи ҳуқуқ ва хизмати давлатии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайруллоев Фаррух, психолог-профессори кафедраи педагогикаи Донишгоҳи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиноси миллӣ оид ба офиятбахши равони ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила Юнусова Нафиса дар мавзуи «Расонидани кумаки ҳуқуқӣ ва психологӣ ба ҷабрдидагони зӯроварӣ дар оила – аз назария ба амалия» бо мутахассисони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят ва кормандони ҷамоатҳои деҳот дар 3 баст 20 нафарӣ аз рӯи барномаи омӯзишии мувофиқагардида доир гардида, дар он ба иштирокдорон шарҳи санадҳои қонунгузорӣ дар сохтори зӯроварӣ дар оила, нақши кормандони мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар машварати пеш аз бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва ё ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ фаҳмониданд.
Хонишҳои ҳуқуқӣ дар самти татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019
Санаи 15 сентябри соли 2018 дар толори маҷлисгоҳи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят вобаста ба татбиқи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқ, воқиф гардидани аҳоли аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ, пешбурди тарзи ҳаёти солим бо кормандони шуъбаю бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят хониши ҳуқуқӣ гузаронида шуд.
Еще статьи...
- «Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар шаҳри Истаравшан
- «Нақши оила дар рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани соли 2018 дар шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом ва Б.Ғафуров
- Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Мастчоҳ
- Нақши оила дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияи Деваштич