Муқовимат ба коррупсия

   Нимаи рӯзи 23 апрели соли 2021 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд  бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва мутахассисон вобаста ба мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия яке аз фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва роҳҳои пешгирии он» вохӯрӣ доир гардид. Дар вохӯрӣ нозири калони ШМК-и раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳамдамзода Давлат иштирок  ва суханронӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки имрӯзҳо коррупсия ба як мушкилоти ҷиддӣ табдил ёфта, ба субот ва бехатарии ҷомеа таҳдид менамояд, арзишҳо ва сохтори демократӣ, арзишҳои маънавӣ ва адолатро коста намуда, ба рушди устувор ва волояти қонун таъсири манфӣ мерасонад.

Нишасти матбуотӣ бо намояндагони васоити ахбори омма

    Тибқи ҷадвали баргузории нишастҳои матбуотӣ санаи 24 феврали соли 2021 дар мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, сарраёсату раёсатҳо, ташкилоту идораҳо ва муассисаҳо ҷиҳати таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, № АП – 1729 дар толори Раёсати адлияи вилоят нишасти матбуотӣ доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Темур Туйчизода, сардори раёсати адлияи вилоят Мамлакат Раҳматзода, муовин ва кормандони дастгоҳи марказии раёсат, сармутахассис ва мутахассиси пешбари шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят иштирок намуданд. Сараввал нишасти матбуотиро сардори раёсати адлияи вилоят     Раҳматзода М. Т. ифтитоҳ бахшида, ба намояндагони васоити ахбори омма аз натиҷаи фаъолияти солонаи хеш ҳисобот дод.

Маҷлиси ҷамъбастии солонаи мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

Субҳи рӯзи 24 феврали соли 2021 таҳти сарвари мутахасиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. дар толори маҷлисгоҳи шуъба маҷлиси ҷамъбастии солона баргузор гардид. Дар кори он мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳиҳои вилоят, шуъбаи Хонаи ақди никоҳ ва муҳосибони ин ниҳод иштирок доштанд. Маҷлиси баргузоршуда аз рӯи нишондоди соли гузашта мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта ва вазифагузориҳо барои соли 2021 пешниҳод карда шуд. Нарзизода Ф. зимни суханронии хеш ба масъалаҳои афзоиш додани нишондиҳандаҳои мусбӣ ва кам кардани омилҳои номатлуб таваҷҷуҳ зоҳир намуда зикр намуд, ки ҷашни таърихии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст намоем. Дар маҷлис вазъи иҷрои муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ натиҷагирӣ карда шуда, бо мақсади таъмини иҷрои саривақтии муроҷиатҳо дастурҳо дода шуд.

Маҷлисҳои ҷамъбастии солона дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

  Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят аз санаҳои 9 то 18 феврали соли 2021 дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Б.Ғафуров, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Спитамен, Панҷакент ва Ҷ.Расулов маҷлисҳои ҷамъбастии солонаи 2020 ва вазифагузорӣ дар соли минбаъда гузаронида шуд. Дар кори он, намояндагони шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, мақомотҳои омору тандурустии шаҳру ноҳия, котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини бахшҳо иштирок намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.