Маҷлисҳои ҷамъбастии солона дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ

  Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят аз санаҳои 9 то 18 феврали соли 2021 дар бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Ашт, Айнӣ, Б.Ғафуров, Деваштич, Исфара, Истаравшан, Конибодом, Спитамен, Панҷакент ва Ҷ.Расулов маҷлисҳои ҷамъбастии солонаи 2020 ва вазифагузорӣ дар соли минбаъда гузаронида шуд. Дар кори он, намояндагони шуъбаи раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, мақомотҳои омору тандурустии шаҳру ноҳия, котибону коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар масъулини бахшҳо иштирок намуданд.

  Масъулин вазифадор гардиданд, ки дар самти иҷрои Паём, риояи қонуну қарорҳои соҳавӣ аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи хизмати давлатӣ», Барномаҳои давлатӣ аз қабили рушди соҳа ва таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон, пешгирии омилҳои коррупсионӣ ва даст назадани кормандон ба ҳаргуна омилҳои номатлуб, иҷрои кодексҳои одоби хизмати давлатию соҳавӣ, интизоми меҳнат,  муоиширати хуб бо шаҳрвандон, иҷрои сари вақтии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ фаъолияти хешро тақвият дода, тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки иҷрои протоколи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2020, №13 вобаста ба таҳкими бунёди оилаи солим ва пешгирии вайроншавии оилаҳо корҳои фаҳмонидадиҳиро дар байни ҷавонон мунтазам ба роҳ монда, дар ҳамкорӣ бо восаити ахбори омма чораҳои дахлдор амалӣ карда шавад. Дар маҷлисҳои соҳавӣ роҳбарони мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандиро ҳидоят карда шуд, ки иҷрои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, дар раванди амалӣ намудани “ҳукумати электронӣ” саҳм гузошта, иҷрои бомароми низоми ягонаи электрониро таъмин намоянд.

Посмотрите вложенную галерею изображения онлайн в:
http://sahsh.tj/tj/news/217-mjray022021.html#sigProGalleria7ca30c40af
joomlamodniyportal.ru

Скачано с веб-сайта JooMix.org.