Тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

  Санаи 31 январи соли 2024 дар толори хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд вобаста ба баррасии пешниҳод ва иҷрои татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо иштироки намояндагони раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷаласаи корӣ доир гардид. Дар ҷаласа намояндаи раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоҳқурбониён Беҳрӯз Сайфулло пешниҳодро мавриди муҳокима қарор дода, барои роҳ надодан ба кирдори коррупсионӣ масъулинро огоҳонид. Ӯ дар идома  оид ба тақвият бахшидани корҳо дар самти иҷрои Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 андешаронӣ намуда, иброз намуд, ки Коррупсия дар ҷаҳони муосир дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо ва риояи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз ҷумлаи монеаҳои ҷиддӣ маҳсуб меёбад.

  Таъкид гардид, ки аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати Пешмои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва ҷиҳати муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои мақсаднокро роҳандозӣ шуда, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ пайваста заминаҳои ташкиливу ҳуқуқӣ амалӣ мегардад. Ёдоварӣ карда шуд, ки баъди ба тасвиб расонидани «Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия», яъне шурӯъ аз 25 сентябри соли 2006 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза зиёда аз 20 санади меъёрии ҳуқуқие, ки асосҳои ташкиливу ҳуқуқии самтҳои мухталифи муқовимат ба коррупсияро муқаррар менамоянд, қабул карда шуда, барномасозии муқовимат ба коррупсия дар сатҳи давлатӣ ба роҳ монда шуд вабо мақсади расидан ба ҳадафҳои дар ин самт пешгирифта то ин муддат ду санади барномавии дурнамо, аз ҷумла бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, №34 «Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012» ва фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013, №1504 «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» қабул карда шуданд. Дар идома зикр ёфт, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳз дар доираи стратегияҳои мазкур амалӣ намудани  чорабиниҳо доир ба муқовимат ба коррупсия гувоҳи ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва кафолати  ноил гардидан ба дастовардҳо дар ин ҷода шинохта шудааст. Дар баромад оварда шуд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия ба ҳисоб рафта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон дар вохурӣ муфаттиши шуъбаи тафтишоти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ғуломзода Соҳибназар Хуҷаназар вобаста ба баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмӯъ, паст намудани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, барои даст назадан ба омилҳои номатлуб ва нигоҳ доштани обрӯю эътибори хеш таъкид намуд. Дар фарҷоми вохурӣ аз ҷониби роҳбари шуъба ба масъулин дастур дода шуд, ки дар оғози соли ҷорӣ  ба масъалаҳои иҷро ва тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668, риоя ва татбиқи қонунгузории амалкунанда дар сатми асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва махсусан ҳангоми бақайдгирии давлатии ивази насаб, ном ва номи падар бо риояи талаботҳои муқарраршуда аҳамият дода ва супориши бевоситаи роҳабрияти Вазорат дар самти беҳтар кардани нишондиҳандаҳои соҳа корбариро ҷоннок намоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.