Санаи 6 – уми феврали соли 2024 дар тарабхонаи ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара бо фаъолону сокини деҳа мулоқоту вохурӣ анҷом дода шуд, ки дар он муовини раиси шаҳр Мадина Бобоиён, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Фирӯза Зоҳидӣ ва дигар роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр иштирок доштанд. Дар вохурӣ, мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Фирӯза Зоҳидӣ суханронӣ намуда, вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ва иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023, №668 корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронид.
Ӯ андешаҳои хешро дар раванди амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» аз 27 ноябри соли 2019 № 599 ибрози назар намуда, аҳолиро ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ» ва «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда» талқин намуд.