Семинари дастурдиҳӣ дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад»

Санаи 9 – уми декабри соли 2023 дар маҷлисгоҳи шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи вилоят семинари дастурдиҳӣ дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад» доир гардид. Дар семинари дастурдиҳӣ мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳоалти шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Фараҳманд суханронӣ карда, оид ба иҷро ва риоя қонунгузории амалкунанда, иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ва бартараф кардани камбудиҳо андешаронӣ намуд. Қайд карда шуд, ки мувофиқи талаботи қисми 1 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият муқаррар карда шудааст.

Сипас мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Истаравшан Муртазо Назира дар мавзуъи «Бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ бояд дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ амалӣ гардад» баромад намуда, оид ба иҷрои талаботҳои муқарраргардида, аз ҷумлаи асосҳо ва ҷойи бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ, ворид намудани тағйирот ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандии дахлдор ва тартиби рад кардан ба иштирокдорон фаҳмонид. Қайд карда шуд, ки тибқи моддаи 58 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» бақайдгирии давлатии муқаррар намудани падарӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи истиқомати падар ё модари кӯдак, ки дар рӯзи таваллуди кӯдак дар ақди никоҳи якдигар қарор надоранд ва ё дар ҷойи қайди таваллуди кӯдак гузаронида мешавад ва дар ҳолати пешбининамудаи моддаи 62 Қонун дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ҷойи бароварда шудани ҳалномаи суд дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва ё муқаррар намудани факти эътирофи падарӣ гузаронида мешавад. Тибқи муқаррароти қисми 1 моддаи 58 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯдак ба доштани насаб, ном ва номи падар ҳуқуқ дорад ва дар асоси талаботи қисмҳои 2, 3 моддаи 62 Кодекс волидони ноболиғ, ки никоҳ набастаанд, дар сурати таваллуд шудани кӯдак ҳақ доранд пас аз расидан ба синни ҳабдаҳсолагӣ мустақилона ҳуқуқи падару модарии худро татбиқ намоянд. То ба синни ҳабдаҳсолагӣ расидани волидони ноболиғ ба кӯдак васи таъин шуданаш мумкин аст, ки якҷоя бо волидони ноболиғ тарбияи кӯдакро анҷом медиҳад. Ихтилофе, ки байни васии кӯдак ва волидони ноболиғ ба миён меоянд, аз ҷониби мақоми васояту парастори ҳал карда мешаванд. Падару модари ноболиғ ҳуқуқ доранд бо асосҳои умумӣ барои эътироф намудани падарӣ ва модарии худ баҳс намоянд, инчунин то расидан ба синни ҳабдаҳ онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи судӣ ҳуқуқи талаби муқаррар намудани падарӣ ва модариро нисбати фарзандонашон доранд. Дар асоси талаботи моддаи 65 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу уҳдадориҳои волидон набояд бар хилофи манфиатҳои фарзандон татбиқ шаванд. Таъмини манфиатҳои фарзандон бояд мавзӯи асосии ғамхории волидон бошад. Ҳангоми истифодаи ҳуқуқи волидон он набояд ба саломатии ҷисмонию рӯҳии кӯдак ва такомули маънавии ӯ зарар расонанд. Усулҳои тарбияи кӯдакон бояд ба муомилаи бераҳмона, дағалона ва пасткунандаи шаъни инсонии кӯдак ё суиистифода ва истисмори кӯдакро аз ҷониби волидон истисно кунанд. Волидоне, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои худро бар зарари ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак татбиқ менамоянд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ба ҷавобгари кашида мешаванд. Тамоми масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзандонро волидон бо ризоияти ҳамдигар ва бо назардошти манфиати кӯдакон ва фикру ақидаи онҳо ҳал менамоянд. Дар сурати ҷой доштани ихтилофот, волидон (яке аз онҳо) барои ҳалли ин ихтилофотҳо метавонанд ба мақоми васояту парастори ё суд муроҷиат кунанд. Дар хотимаи семинари дастурдиҳӣ ба масъулин фаҳмонида шуд, ки бояд ба аҳолӣ тарғибу ташвиқи одоби муошират, риояи арзишҳои миллию умумибашарӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ба воя расонидани фарзанд бештар талқин намоянд ва пайваста дар татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" саҳмгузор бошанд.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.