Саҳмгузорӣ дар раванди иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд бо мақсади пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд пешбинӣ карда шудааст. Ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дастгирии оилаҳои ҷавон, инчунин модару кӯдак аз ҷониби масъулини соҳа барои иҷрои уҳдадорӣ, коҳиш додани ҳуқуқвайронкунӣ дар самти қайди саривақтии кудакони навзод ва пойдории оилаҳои солим бо роҳи таъсиррасонӣ ва ҳавасмандкунӣ дар арафаи иду ҷашнҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

 Дар ин замина, аз тарафи кормандони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби шахсони саховатпеша ба муносибати 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонбо риояи талаботи қонунгузории асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба падару модари 345 нафар кудакони навзод  ва 7 ҷуфт оилаҳои навбунёд шаҳодатномаҳои таваллуду ақди никоҳ ройгон дар вазъи тантанавӣ супорида шудаанд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.