Санаи 4 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Конибодом дар доираи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 бо 58 нафар фаъолон, ходимони дин ва раисони маҳаллаҳо вохурӣ анҷом дода шуд. Вохурӣ бо шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки 23 декабри соли 2022 оғоз гардида, иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгириии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” ва ҷиҳати қайди саривақтии кудакони навзод, худдорӣ намудан аз никоҳҳои бармаҳал, пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб (шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои иртиҷоӣ дар фазои иттилоотии маҷозӣ ва бекоршавии ақди никоҳ) корҳои фаҳмонидадиҳӣ гузаронида шуда, пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода талқин карда шуд.
Ёдрас гардидан зарур аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон ба муносибати Рӯзи модар аз 6 марти соли 2015 зикр дошта буданд, ки “Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад”.Дар охир ба 6 ҷуфт навхонадорони ҷамоати деҳоти Куҳандиёри шаҳри Конибодом дар вазъ тантанавӣ шаҳодатномаҳои ақди никоҳ супорида шуда, ҷавононро барои оилаи солим ва насли солим ҳидоят карда шуд.