Иштирок дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизионӣ

 Дар заминаи иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуҳуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, санаи 09 декабри соли 2020 мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф., мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияи Исфара Ёқубӣ М., Истиқлол Фармонзода М. ва Ҷ.Расулов Раҷабзода Р. дар пахши мустақими барномаи Рў ба рў-и телевизиони вилоят иштирок карда, вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» баромад намуданд. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намудани волоияти қонун мебошад.

 Аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Нарзизода Ф. дар баромади хеш зикр намуд, ки баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон– барои ҳалли масъалаҳои оилаву оиладори санади ҳуқуқӣ санаи 13 ноябри соли 1998 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳамзамон санаи 29 апрели соли  2006 барои ба танзим даровардани ҳолатҳои ҳуқуқӣ вобаста ба асноди ҳолати шаҳрвандӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдигирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» қабул гардида, то ин давра якчанд маротиба вобаста ба миён омадани муаммоҳо дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа ва пешрафту имлму техника тағйиротҳои дахлдор ба қонун ворид гардид.

 Дар рафти барнома низ, вобаста ба иҷрои  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи боҷи давлатӣ»  қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда», «Дар бораи Феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ», “Дар бораи Тартиб ва Андозаи пардохти хизматрасониҳои иловагии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони ваколатдор” баромад карда шуда ва  ба саволҳои пешниҳодшуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ посухҳо дода шуд.

  Ҳамчунин қайд кардан зарур аст, ки аз тарафи бинандагон асосан ба масъалаҳои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо ба сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби номгузорӣ,  бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ва дигар муаамоҳои мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.