Мубориза алайҳи хушунат

 Санаи 08 декабри соли 2020 бахшида ба маъракаи иттилоотии 16 рузи мубориза алайҳи хушунат дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҳфили доимоамалкунандаи тарбиявӣ-ҳуқуқии “Пайванди муҳаббат” доир гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устувори нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон ба ватнадӯстию меҳанпарастӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ равона карда шудааст. Дар маҳфил як зумра бонувони фаъоли вилоят, намояндагони мақомоти иҷроия ва ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳия ва ҷавонон иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ ба тарбияи нерӯи зеҳнии ҷавонон, камолоти маънавию ахлоқии фарзандон ва дар ниҳоди онҳо густариш додани арзишҳои неки ҷомеаи фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуда, меҳру вафо ва садоқату дӯстӣ варзидани инсонҳо ба ҳамдигар ва ҳисси мусбатандеширо бештар намудан талқин гардид.

  Ҳамзамон дар маҳфили “Пайванди маҳаббат” намояндагони мақомотҳои дахлдор, занони соҳибтаҷриба ва равоншиносон ҳикматҳои судманд оид ба маънии асли зиндагӣ, муҳаббати хонаводагӣ ва калиди хушбахтии оила ақидаҳои хешро баён намуда, бо ҷавонон лаҳзаҳои интерактивӣ гузаронида шуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.