Маҳфили “Пайванди муҳаббат”

 Санаи 24 декабри  соли 2019 бо мақсади дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузор  ва баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, пойдорӣ ва бунёди оилаи солим дар шуъбаи Хонаи ақди никоқи шаҳри Хуҷанд маҳфили “Пайванди муҳаббат” доир гардид. Дар чорабинӣ, намояндагони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҳифзи ҳуқуқ, донишмандон, равоншиносону мушовирони оилавӣ, мутахассисони соҳаи тиб, шурои занони кумитаи маҳаллаҳо, навхонадорон ва ҷавонон иштирок доштанд.

 Намоядагон вобаста ба эътибори махсус додан ба оила ва таҳкиму пойдории он, масъулиятшиносӣ дар оила, тараннуми арзишҳои олии оила, меҳру муҳаббат, эҳтироми падару модар, зану шавҳар ва дигар аъзои оила, тарбияи неки ватандӯстии ҷавонон, пешгирии омилҳои номатлуб аз қабили ҷудошавии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ ва хушунат дар оила баромад карда шудаанд.

Дар маҳфил, масъулин баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии қаҳрамонони барнома - ҷавонони синни никоҳи расида, равандҳои иҷрои амалиёти ҳуқуқии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, қоидҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, ҳамзамон гузаронидани маъракаи туйи хонадоршавии ҷавонон дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  фаҳмонида шудааст.

Қисмати маънавии маҳфили “Пайванди маҳаббат” бо мақсади пиёда гардонидани ҳадафҳои судманди Роҳбари давлат оид ба тарбияи ҷавонон ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вобаста ба инкишофи афкори солими ҷавонон баҳри шукргузорӣ аз Ватани маҳбуб, фазои ободу оромии ҳар як хонадони тоҷик, ва пойдории оилаи солим иборат буда, дар ниҳоди онҳо густариш додани арзишҳои нек ва  муҳаббати хонаводагӣ талқин гардид.

Дар маҳфил бо ҷавонон лаҳзаи интерактивӣ гузаронида шуда, муҳокимаи озоди ҷавонон вобаста ба пойдорӣ ва омилҳои саодати оилавӣ пешниҳод шудааст.

       Аз ҷониби шуъбаи Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар солҳои минбаъда маҳфили “Пайванди муҳаббат” ба хотири таҳкиму пойдории оилаҳои ҷавон тақвият дода, ҷавононро барои масъулиятшиносӣ дар оила, эҳтиром гузошта ба арзишҳои олии оила, муҳаббат ба Ватан ва падару модар, зану шавҳар ва дигар аъзои оила ҳидоят карда мешавад.

 

Скачано с веб-сайта JooMix.org.