Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор», Раисони Шурои занони кумитаи маҳаллаҳои шаҳр, роҳбарият ва донишҷуёни коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд санаи 29-ноябри соли 2019 баҳри амалигардонии маъракаи иттилоотии мубориза алайҳи хушунат нисбати занон дар мавзуи «Зиндагӣ бо муҳаббат зебост» мулоқот баргузор гардид. Он дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” доир гардида, муовини Раиси ТҶМЗ «Гулрухсор» Сабоат Бобоҷонова оид ба ҳолатҳои зӯроварии хонаводагӣ дар шаҳри Хуҷанд маълумот дод. Дар чорабинии мазкур масъули Хонаи ақди никоҳ Фирузахон Раҳимӣ баромад намуда, оид ба вазъи татбиқи барномаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, саривақт иҷро намудани меъёрҳои қонунгузории миллии амалкунанда оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд пешниҳодҳои хешро баён намуд.
Ҳамзамон ба иштирокчиён, яъне донишҷуёни коллеҷи тиббӣ оид ба инкишоф додани арзишҳои шахсии маънавӣ, аз ҷумла мусбатандешӣ, муҳаббат парваридан маслиҳатҳои муфидро пешкаш кард.