Вохурию мулоқотҳои судманд дар қисми ҳарбии 14356 - и Қушунҳои хушкигарди қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон

Тибқи нақша, санаи 13 феврали соли 2019 дар арафи иди Артиши милии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайти шахсии афсарону прапоршикон ва сарбозони қисми ҳарбии 14356  ва ҷузъу томҳои зертобеи он  вобаста ба  иҷрои Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 -2019 дар заминаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вохурӣ анҷом дода шуд.

    Дар кори он муовини сардори Раёсати адлияи вилоят полковники адлия Раҳмонзода М, натариуси давлатии вилоят Ваҳобов Ҳ. ва сармутахассиси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят Вализода И. иштирок намуда, оид ба иҷрои  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин вобаста ба экстремизм (ифротгароӣ), терроризм баромад намуданд. Дар вохурии доиршуда  ба иштирокдорон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода, ба саволҳои онҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда посух гардониданд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.