Маҷлиси Ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Ҷумҳуриии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ

  Санаи 10 июли соли 2018 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Ҳайати мушовара вобаста ба масъалаҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар кори он аъзоёни ҳайати мушовара ва мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Дар рафти маҷлиси ҳайати мушовара аз ҷониби роҳбарият ба маъалаҳои иҷрои Барномаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 ва пешниҳоди таҳияи лоиҳаи он барои солҳои 2020-2025, мукаммал ва истифода намудани дастурамали коргузорӣ, низоми электронӣ, насби камераҳои мушоҳидавӣ  дар доираи иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 августи соли 2010, №АП-1366, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон ва истифодаи дурусти маблаѓҳои пешбининамуда дастуру супоришҳо дода шуааст.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.