Семинари омўзишӣ

    Дар доираи иҷрои Барономаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 январи соли 2014, №21 тасдиқ гардидааст, ки дар Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  шаҳри Душанбе моҳҳои май – ноябри соли 2018, омўзиши мутахассисони соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оиди кор бо системаи САҲШ2 пешбинӣ гардидааст. Курсҳои омўзиши бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд амалӣ гардида истодаанд.

    Дар қатори донишгирандагон, санаи  09 июли соли 2018  сармутахассис ва бойгоншиноси шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, мутахассисони бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои Ашт ва Б.Ғафуров барои иштирок дар кори семинари омузишӣ сафарбар гардиданд. Қобили қайд аст, ки аз рўи барономаи таълимӣ, принсипҳои асосии кори системаи САҲШ2 ва мафҳуми асосии он, интернет, мафҳумҳо ва технологияҳои ба он вобаста, таъминоти таҷҳизоти система ва фаъолияти он, имзои электронӣ, ҷабҳаҳои ҳуқуқӣ ва техникӣ, сифати иттилооти воридшуда, омилҳои таъсиррасонанда, таҷҳизот барои амалигардонии имзои электронӣ, истифодаи таҷҳизоти имзои электронӣ дар системаи САҲШ2 ва воридсозии сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ҷустуҷуи онҳо дар маҳзан омўзонида мешавад.

    Мақсади бозомўзии кормандон дар доираи ислоҳоти низоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин аз худ намудани системаи идоракунии автоматикунонӣ дар мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ пешбинӣ гардидааст. Бояд қайд намуд, ки Барономаи рушди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2019 боиси тағйироти куллӣ ва сифатан нав дар соҳаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, истифодаи таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ ва интизориҳои имрўзаи ҷомеа оид ба содда намудани раванди дастрасии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва хизматрасониҳои дахлдори давлатӣ дар соҳаи мазкур мегардад.

Комментарии   

# Ofarin Farahmand ba sui sozandaDila 10.07.2018 03:57
Ofarin
Ответить
Скачано с веб-сайта JooMix.org.