Санаи 22 сентябри соли 2023 аз ҷониби мутахассиси пешбари шуъбаи асноди ҳолати раёсати адлияи вилоят Нарзизода Ф. ва мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Қодирӣ М. бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 дар ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кормандони ҷамоати деҳот, раисони маҳалла, намояндагони тиб, ходимони дин ва сокинон вохурӣ анҷом дода шуд. Ташаккули ҳисси зебоишиносӣ ва дарки амиқи фарҳанги миллӣ дар зеҳни сокинон эҳсоси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро ба омӯхтани таъриху тамаддуни ва омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан водор менамояд. Масъулин дар вохурӣ, дарки зарурати бошуурона ва фидокоронаю беғаразона ба Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон ба иштирокдорон талқин карда шуд.
Ҳамзамон дар идома, иҷро ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Феҳристи номҳои милли тоҷикӣ” ва “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тибби ҳатмии шахсони никоҳшаванда” фаҳмонида шуданд. Дар охир ба намояндагони тиб, ходимони дин ва раисони маҳалла даъват ба амал оварда шуд, ки барои пешгирии бекоршавии ақди никоҳ, истифодаи босамари технологияҳои иттилоотӣ ва пешгирии аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон, инчунин барои беҳтар кардани нишондиҳандаҳо ва қайди саривақтии кудакони навзод корҳои амалиро роҳандозӣ намуда, барои бунёди ҷомеаи солим саҳмгузор бошанд.