Санаи 24 августи соли 2022 дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 -2030» аз 27 ноябри соли 2019, №599 бо аҳолии ҷамоати деҳоти Кулканди шаҳри Исфара вохурӣ перомуни шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022, риояи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586, муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда, никоҳҳои бармаҳал, бекор кардани ақди никоҳ, манъи никоҳи хешовандон ва қайди саривақтии кудакони навзод вохурӣ анҷом дода шуд. Сараввал мудири бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Исфара Зоҳидӣ Ф. вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 23 декабри соли 2022 суханронӣ намуда, моҳияти Паёмро ба сокинон фаҳмонид.
Сипас ба аҳолӣ расонида шуд, ки аз санаи 01 августи соли 2023 тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» аз 22 июни соли 2023, №586 ба таври нақдӣқабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда шудааст. Дар идома вобаста ба риояи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда” аз 23 августи соли 2016, №374 ба аҳолӣ расонида, оид ба пешгирии ҳолатҳои номатлуби ҷомеа - бекор кардани ақди никоҳ, манъи никоҳи хешовандон ва никоҳҳои бармаҳал даъват намуд. Дар охир аҳолиро ба риояи талаботи сархати 1, 2 моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” барои қайди саривақтии кудакони навзод ва ба онҳо тибқи арзишҳои миллӣ номи нек гузоштан ва пас аз таваллуд фарзандро дар муҳлати то се моҳ аз қайди давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаронидан ҳидоят намуд.