Кӯдакон сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор меравад

  Оила бақои давлат ва ҷамъият мебошад, ки он зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳсуб ёфта, маҳз аз он сарчашма мегирад. Айёми тифлӣ давраи афсонавию басо рангин  ва олами нотакрори  онҳо ба ҳисоб меравад, зеро  кӯдакон бо хандаҳои беғаши зебояшон ба оила баракоту нур мебахшад ва ба ҷомеа  роҳи ояндасозии давлату миллатро пешбинӣ менамояд. Кӯдакон меваи бӯстони умри ҳар яки падару модар буда, давомдиҳандагони наслҳои минбаъда, посдорандагони сарнавишти миллат, таърихи гузаштаи сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ, мероси бойи фарҳангӣ ва расму оини ниёгон, дастовардҳои бузург ва шахсиятҳои оламшумули қавму қабоили хеш ба ҳисоб мераванд. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубият дошта, мо - масъулинро пайваста водор менамояд, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон ва барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, ҳамзамон ба зиндагии оянда омода намудан саҳмгузор бошем. Дар ин замина, бо дастуру ҳидоятҳои роҳбарияти Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси сардори раёсати адлияи вилоят Шарофиддин Шарифзода санаи 31 майи соли 2023 дар арафаи Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон вобаста ба таъмини иҷрои супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази дастгирии оила ва кӯдак”-и шаҳри Хуҷанд кормандони дастгоҳи марказии раёсат ва шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр диданд карда, бо шириниҳо хотири кудаконро шод намуданд.

  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи иҷтимоиётро яке аз самтҳои муҳим арзёбӣ намуда, дар ин самт баҳри дастгирии оилаҳои ҷавон ва модару кӯдак пайваста шароитҳои арзанда фароҳам меоварад. Дар доираи иқдомоти наҷиб, аз ҷониби бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҷалби шахсони саховатманд бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон бо риояи талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдигирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда 260 дона шаҳодатномаҳои ройгон бо туҳфаҳо аз ҷониби масъулин дар вазъи тантанавӣ ба оилаҳо супорида шуданд. Амалҳои неки пайваста идомаи татбиқи сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти олии мамлакат буда, дар ин рӯз беҳтарин армуғони идона барои кудакон ва оилаҳои фарогирифташуда мебошад. Чунин иқдомҳои нек аз ҷониби масъулин ва сокинон хуш пазируфта, боиси фараҳмандию сарфарозии онҳо гардидааст, ки аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимияти хешро иброз намуда, шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати  миллӣ менамоянд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.