Санаи 11 апрели соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи раёсати адлияи вилоят ҷаласаи корӣ таҳти роҳбарии сардори раёсат Шарифзода Шарофиддин бо мудирони шуъбаю бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят ва шуъба-хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд доир гардид. Роҳбарияти раёсат ҷаласаро ба хотиро ҳамоҳангсозии фаъолият ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои давлатӣ арзёбӣ намуд. Баъди андешаронии сардори раёсат, оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳаи якуми соли ҷорӣ сардори шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии раёсати адлияи вилоят Фармонзода Меҳрубону баромад намуд. Сипас сардори раёсат ба масъалаҳои иҷрои саривақтии мактубу дархости кишварҳои хориҷӣ дар доираи иҷрои Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ дар мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ таваҷҷуҳ намуда, масъулинро барои иҷрои саривақтии онҳо ҳидоят намуд. Дар идомаи ҷасала роҳбарияти раёсат оид ба ҳуҷҷатгузории дуруст дар самти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аз масъулин пурсиш ба амал оварда, барои беҳтар кардани хизматрасониҳои давлатӣ ба аҳолӣ ва ба масъули иҷрои комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастурҳо дода шуд.
Дар ҷаласа, масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, паст кардани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ дар байни аҳолӣ, эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, ҳисси баланди ватандӯстӣ, инчунин муносибати эҳтиромона ба инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд. Қайд гардид, ки мақсади мо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ нигаронида шудааст ва ҳар яки мо бояд ҳангоми анҷом додани амалиётҳои ҳуқуқӣ бо падару модар бораи иҷрои рисолати муқаддаси худ - тарбияи поктинативу зебопарастӣ, башардӯстиву инсонпарварӣ, заҳматкашиву ободкориро дар замири фарзандон ҷо додан ва дар руҳияи ифтихори бузурги ватандорӣ ба камол расонидан талқин намоем. Зикр ёфт, ки ҳангоми тарғибу ташвиқи сиёсати ҳуқуқӣ ба масъалаҳои бекоршавии ақди никоҳ, пешгирии никоҳи хешу таборӣ, муоинаи тиббӣ ва фарогирии қайдҳо аҳамияти махсус дода шавад. Ҳамчунин масъалаи иҷрои Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, ба шахси масъул супориш дода шуд, ки бо сифатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори масъулин корбарӣ намоянд. Дар охир, масъулини мақомоти асноди ҳолати шаҳрвандӣ вазифадор гардиданд, ки дар иҷрои қонуният, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, садоқат ба Ватан, инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ, шаффофият, таҳаммулпазирӣ, поквиҷдонӣ ва беғаразӣ пайваста корбарӣ намуда, тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намоянд.