Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 Санаи 16 ноябри соли 2020 дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилоят, шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлиси тантанавӣ, мутахассиси пешбари шуъбаи Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд Нарзизода Ф. ба сухан баромада зикр дошт, ки барои ман дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳарф задан шараф ва мояи ифтихори бузург аст.

 Қайд карда шуд, ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ифодагари иродаи сарвари сиёсӣ баҳри ба даст овардани сулҳу субот дар кишвар мебошад. Чунин мавқеъ ва иродаи Президенти маҳбуби кишвар имконият дод, ки дар ҷомеа ҳамдигарфаҳмӣ ва боварӣ баҳри ҳамгироии иҷтимоӣ пурзӯр гашта, пеши роҳи бародаркушӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ гирифта шавад. Бо фазилатҳои давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардум, болоравии обруву нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки ҳамаи паёмадҳои неку таърихӣ ба фаъолияти босамари Пешвои муаззами миллат вобастагӣ дорад, дар қонунгузории кишвар рӯзи 16 ноябр - рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шудааст.

 Аз таърих ёдовар гардид, ки ба вазифа шурӯъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди савгандёдкунӣ оғоз гардида буд.  Зикр дошт, ки мансаби Президент дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибу шартҳои ба ин мансаби олии ҳокимияти давлатӣ интихоб шудан ва лаҳзаи ба фаъолият шурӯъ намудани Президент муқаррар гардидааст. Меъёрҳои моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад.

 Президенти кишвар дар заминаи талошҳо баҳри таъмини оромии  кишвар, пойдории  сулҳу салоҳ, таҳкими  амнияти миллӣ, ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳим, пешбурди сиёсати хориҷӣ тавонист ба эътирофи бузурги умумимиллӣ мушарраф гардад.

 Бояд гуфт, ки қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» дар раванди дигаргуниҳои ҷомеа дар Тоҷикистон марҳилаи навро ба миён оварда, рамзи пойдориву бардавомии давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистонро таҷассум менамояд.

 Тибқи талаботи қонуни конститутсинии мазкур ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардаанд, эътироф гардидаст.

 Дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллати тамаддунофар, амалисозандаи заҳматҳои ояндабинона баҳри рушду нумӯъ ва ободии Ватан, фароҳам овардани шароити арзанда барои мардуми кишвар, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шудани Президенти Тоҷикистонро на танҳо сокинони кишвар, инчунин ҷаҳониён эътироф намудаанд.

 Таъкид карда шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни воқеӣ буда, барои дарки хештаншиносӣ, эҳсоси ҳувияти миллӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ, дар заминаи чунин арзишҳо таъмин намудани идомаи раванди пешрафти минбаъдаи истиқлолияти давлатӣ водор менамояд.

       Дар охири маҷлиси тантанавӣ кулли мардуми кишвари азизро бо рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромонаа муборакбод гуфта, ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фаъолияти минбаъдаашон қуваю тавоноӣ, умри бобаракот, саломатии қавӣ ва дар ҷодаи роҳбарию роҳнамоӣ ва амалишавии нияту амалҳои созандагӣ комёбиҳои беинтиҳо таманно намуд.

Скачано с веб-сайта JooMix.org.